https://sputnik.tj/20210725/nomzadho-prezident-uzbekiston-mubohisa-1041165978.html
Номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Ӯзбекистон бо ҳам мубоҳиса мекунанд
Номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Ӯзбекистон бо ҳам мубоҳиса мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Барои он ки маърака то ҳадди имкон шаффоф сурат гирад, Комиссияи марказии интихобот бо ВАО меморандум имзо кардааст
2021-07-25T16:50+0500
2021-07-25T16:50+0500
2021-07-25T17:04+0500
сиёсат
президент
номзадҳо
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/88/1021228850_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_e4332ff90ec0cbcdbedde4bf75cbf251.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дар давоми маъракаи интихобот, номзадҳо ба мақоми президентии Ӯзбекистон дар мубоҳисаҳо вомехӯранд. Дар ин бора узви доимии Комиссияи марказии интихоботӣ Баҳодирҷон Юнусов ба хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон хабар додааст.Ба гуфти ӯ, мубоҳисаҳо монанди дебатҳои интихоботи парлумонии соли 2019 ташкил карда мешаванд. Барои ин ҳама чиз мавҷуд аст, аз ҷумла шароити ҳуқуқӣ. Бо мақсади то ҳадди имкон кушоду равшан баргузор шудани маърака бо ВАО ёддошт ба имзо расид. Пас аз он, ки ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳоро барои интихобот муайян карда, пешниҳод менамоянд, дар бораи шароити мубоҳисаҳо муфассалтар сӯҳбат кардан имконпазир хоҳад шуд. Аммо аллакай маълум аст, ки ҳар як номзад имкон дорад дар ВАО - дар телевизион, радио баромад кунад - ин дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст. Хотиррасон мекунем, ки маъракаи интихоботӣ дар Ӯзбекистон 23 июл оғоз ёфт. Маркази матбуот ва шӯъбаҳои ҳудудии Комиссияи марказии интихоботӣ таъсис дода шуданд ва оинномаи марказ тасдиқ гардид.
https://sputnik.tj/20210723/sana-intihobot-prezident-uzbekiston-elon-1041122402.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/88/1021228850_345:0:3076:2048_1920x0_80_0_0_b9469988d11add5ed965eeb75ae1bcb3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интихоботи президентӣ, номзадҳо, дебатҳо
интихоботи президентӣ, номзадҳо, дебатҳо
Номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Ӯзбекистон бо ҳам мубоҳиса мекунанд
16:50 25.07.2021 (Навсозишуда: 17:04 25.07.2021) Барои он ки маъракаи интихоботӣ то ҳадди имкон шаффоф сурат гирад, Комиссияи марказии интихобот бо ВАО меморандум имзо кардааст
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дар давоми маъракаи интихобот, номзадҳо ба мақоми президентии Ӯзбекистон дар мубоҳисаҳо вомехӯранд.
Дар ин бора узви доимии Комиссияи марказии интихоботӣ Баҳодирҷон Юнусов ба хабарнигори
Sputnik Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба гуфти ӯ, мубоҳисаҳо монанди дебатҳои интихоботи парлумонии соли 2019 ташкил карда мешаванд.
Барои ин ҳама чиз мавҷуд аст, аз ҷумла шароити ҳуқуқӣ. Бо мақсади то ҳадди имкон кушоду равшан баргузор шудани маърака бо ВАО ёддошт ба имзо расид.
Пас аз он, ки ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳоро барои интихобот муайян карда, пешниҳод менамоянд, дар бораи шароити мубоҳисаҳо муфассалтар сӯҳбат кардан имконпазир хоҳад шуд.
Аммо аллакай маълум аст, ки ҳар як номзад имкон дорад дар ВАО - дар телевизион, радио баромад кунад - ин дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки маъракаи интихоботӣ дар Ӯзбекистон 23 июл оғоз ёфт. Маркази матбуот ва шӯъбаҳои ҳудудии Комиссияи марказии интихоботӣ таъсис дода шуданд ва оинномаи марказ тасдиқ гардид.