https://sputnik.tj/20210723/sana-intihobot-prezident-uzbekiston-elon-1041122402.html
Санаи дақиқи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд
Санаи дақиқи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Ӯзбекистон санаи интихоботи навбатии президентиро эълон кард
2021-07-23T14:21+0500
2021-07-23T14:21+0500
2021-07-23T14:22+0500
кмир
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
шавкат мирзиёев
интихоботи президентӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/82/1021228275_0:150:3108:1898_1920x0_80_0_0_4aab187230e30f62bca5032f7967e705.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи марказии интихоботии кишвар. Илова бар ин, гуфта мешавад, маъракаи омодагӣ ба интихоботӣ дар кишвар имрӯз оғоз ёфта, маркази матбуотӣ ва шӯъбаҳои ҳудудии КМИ таъсис дода мешаванд. Ба гуфтаи раиси КМИ Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев, интихоботи президентӣ дар асоси қонунгузории нави миллии интихобот - ошкору равшан баргузор мешавад.Интихоботи президентӣ аз рӯи принсипи даврӣ дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ ва стандартҳои байналмилалии интихобот мутобиқи Кодекси интихоботи ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Мутаносибан, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷиву рӯзноманигорон аз пайи омодагӣ ва баргузорӣ мешаванд. Бар асоси тағирот ба моддаи 117- и Конститутсияи Ӯзбекистон, интихоботи президентӣ бояд рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2021 баргузор мешуд. Интихоботи қаблӣ дар Ӯзбекистон 4 декабри соли 2016 баргузор шуда буд, ки дар он сарвари кунунии давлат Шавкат Мирзиёев бо дарёфти 88,61% овозҳо президент интихоб шуд.Интихоботи президенти дар Ӯзбекистон наздик мешавад, аммо то кунун ҳарифони Мирзиёев аз худ дарак надодаанд, барои ширкат дар ин маърака.Қаблан овозхони саршиноси Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов эълон кард, ки дар интихоботи пешорӯ ширкат мекунад, аммо ахиран пас аз латукӯбаш дар Туркия изҳор дошт, ки аз тасмимаш даст мекашад.
https://sputnik.tj/20210722/aholi-uzbekiston-million-merasad-1041084588.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/82/1021228275_190:0:2919:2047_1920x0_80_0_0_f2941531d56fbf3129b020290ccc3b4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сана, дақиқ, интихобот, президент, ӯзбекистон, эълон
сана, дақиқ, интихобот, президент, ӯзбекистон, эълон
Санаи дақиқи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд
14:21 23.07.2021 (Навсозишуда: 14:22 23.07.2021) Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Ӯзбекистон санаи интихоботи навбатии президентиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи марказии интихоботии кишвар.
Илова бар ин, гуфта мешавад, маъракаи омодагӣ ба интихоботӣ дар кишвар имрӯз оғоз ёфта, маркази матбуотӣ ва шӯъбаҳои ҳудудии КМИ таъсис дода мешаванд.
Ба гуфтаи раиси КМИ Ӯзбекистон Зайниддин Низомхоҷаев, интихоботи президентӣ дар асоси қонунгузории нави миллии интихобот - ошкору равшан баргузор мешавад.
Интихоботи президентӣ аз рӯи принсипи даврӣ дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ ва стандартҳои байналмилалии интихобот мутобиқи Кодекси интихоботи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Мутаносибан, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷиву рӯзноманигорон аз пайи омодагӣ ва баргузорӣ мешаванд.
Бар асоси тағирот ба моддаи 117- и Конститутсияи Ӯзбекистон, интихоботи президентӣ бояд рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2021 баргузор мешуд.
Интихоботи қаблӣ дар Ӯзбекистон 4 декабри соли 2016 баргузор шуда буд, ки дар он сарвари кунунии давлат Шавкат Мирзиёев бо дарёфти 88,61% овозҳо президент интихоб шуд.
Интихоботи президенти дар Ӯзбекистон наздик мешавад, аммо то кунун ҳарифони Мирзиёев аз худ дарак надодаанд, барои ширкат дар ин маърака.
Қаблан овозхони саршиноси Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов эълон кард, ки дар интихоботи пешорӯ ширкат мекунад, аммо ахиран пас аз латукӯбаш дар Туркия изҳор дошт, ки аз тасмимаш даст мекашад.