https://sputnik.tj/20210725/bozgashti-sherali-kabir-tabobat-jalasaho-prezident-video-1041165762.html
Бозгашти Шералӣ Кабир ба кор баъди табобат: чораҳои бехатарӣ дар ҷаласаҳои Президент-видео
Бозгашти Шералӣ Кабир ба кор баъди табобат: чораҳои бехатарӣ дар ҷаласаҳои Президент-видео
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз аъзои Ҳукумат, ки аз бемориҳое бо нишонаҳои коронавирус табобат мегирифтанд, ба кор баргашта дар ҷаласаҳо бо ҳузури Президент иштирок мекунанд
2021-07-25T16:08+0500
2021-07-25T16:08+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ҳукумат
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719298_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_fd1bd4777ebde0771e3a7b396236e004.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки аз беморӣ бо нишонаҳои коронавирус табобат мегирифт, ба кор баргаштааст. Ӯ аз ҷумла дар ҷаласаҳо ва машваратҳои корӣ бо ҳузури раисиҷумҳур бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ иштирок мекунад.Бар асоси гузоришҳои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷаласаҳои ахири Ҳукумат, иштирокдорон барои риояи фосилаи иҷтимоӣ дар байн як курсиро холӣ мемонанд. Дар ҷаласа ҳама бо ниқобҳои тиббӣ иштирок карда, ба истиснои чанд нафар аксарияташон дастпӯшак доштанд. Шарҳи вазъи Шералӣ Кабир, ки бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шудаастАз ҷумла дар машварати корие, ки раисиҷумҳур ҳафтаи равон баргузор намуд, танҳо дар дастони Қоҳир Расулзода, сарвазир, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазир ва генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастпӯшакҳо наменамуданд. Дигарҳо ҳама бо ниқобу дастпӯшаки тиббӣ ҳузур доштанд.Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 78 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуда, 58 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 25 июл дар Тоҷикистон 14505 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то замони зикргардида 14022 нафар (96,6%) нафар шифо ёфтаанд.Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон аз ин беморӣ 116 боқӣ мондааст.
https://sputnik.tj/20210725/muovini-vaksinagirifta-raisi-vmkb-koronavirus-1041164569.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719298_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_6a5a6b9caf3c0cecda0b806e9edd8803.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷаласа, ҳукумат, раисиҷумҳур
тоҷикистон, ҷаласа, ҳукумат, раисиҷумҳур
Бозгашти Шералӣ Кабир ба кор баъди табобат: чораҳои бехатарӣ дар ҷаласаҳои Президент-видео
16:08 25.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Бархе аз аъзои Ҳукумат, ки аз бемориҳое бо аломатҳои коронавирус табобат мегирифтанд, ба кор баргашта, дар ҷаласаҳо бо ҳузури Президент иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ки аз беморӣ бо нишонаҳои коронавирус табобат мегирифт, ба кор баргаштааст. Ӯ аз ҷумла дар ҷаласаҳо ва машваратҳои корӣ бо ҳузури раисиҷумҳур бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ иштирок мекунад.
Бар асоси гузоришҳои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷаласаҳои ахири Ҳукумат, иштирокдорон барои риояи фосилаи иҷтимоӣ дар байн як курсиро холӣ мемонанд. Дар ҷаласа ҳама бо ниқобҳои тиббӣ иштирок карда, ба истиснои чанд нафар аксарияташон дастпӯшак доштанд.
Аз ҷумла дар машварати корие, ки раисиҷумҳур ҳафтаи равон баргузор намуд, танҳо дар дастони Қоҳир Расулзода, сарвазир, Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазир ва генерал Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастпӯшакҳо наменамуданд. Дигарҳо ҳама бо ниқобу дастпӯшаки тиббӣ ҳузур доштанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 78 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шуда, 58 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали ҳамагирии коронавирус то 25 июл дар Тоҷикистон 14505 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то замони зикргардида 14022 нафар (96,6%) нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат мегӯяд, давоми 24 соати гузашта, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон аз ин беморӣ 116 боқӣ мондааст.