Муовини раиси ВМКБ гирифтори коронавирус шуд: Ӯ гуфт, "ваксина гирифтаст" - акс

© акс аз саҳифаи Назира АмирбекзодаНазира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ
Назира Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Обуна шудан
Назира Амирбекзода, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва аз роҳбарони Ситоди мубориза бо коронавирус дар вилоят гирифтори ин беморӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дӯстони Назира Амирбекзода аз гирифторияш ба вируси корона хабар дода, хостори дуо барои шифои комили ӯ шудаанд.
Амирбекзода, ки роҳбари Ситоди мубориза бо коронавирусро дар ВМКБ ба уҳда дорад, расо як моҳи қабл бо нашри аксаш дар фейсбук аз гирифтани ваксина хабар дода буд. Ӯ аксашро бо имзои "ваксинагирифта" нашр намуда буд.
Ноиби раиси ВМКБ дар мавҷи якуми коронавирус дар Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта аз пирӯзии модари 70-солааш бар коронавирус хабар дода, мардумро даъват намуда буд, ки натарсанд, пирӯз хоҳанд шуд. Зумрад Қурбонбекова, модари Назира, ки зодаи соли 1950 мебошад, моҳи майи соли гузашта баъди 14 рӯзи дастбагиребонӣ бо коронавирус дар беморхонаи Оқохон дар шаҳри Хоруғ бар ин дард пирӯз гашта, назди хонавода баргашт.
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Афзоиши рекордии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон: вазъ якбора бад шуд
Назира Амирбекзода, ки қаблан роҳбарии телевизиони “Бадахшон” ва баъдан мақоми муовини раиси Кумитаи радио ва телевизионро ба уҳда дошт, аз тирамоҳи соли 2018 то ҳол муовини раиси ВМКБ мебошад. Дар саҳифаи фейсбукияш аз ӯ модари мушфиқу ҷонфидои Ватан тавсиф шуда, корбарон дуо кардаанд, ки ҳарчи зудтар назди модару фарзандонаш баргардад.
Лентаи хабарҳо
0