Зодрӯзи Фаридуддин Аттор ва Юнусалӣ Эргашев: 25 июл дар таърих

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 25 июля
День 25 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту чоруми июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ аст

Рӯзи 25 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1965 дар фестивали фолклории шаҳри Нюпорти Род-Айленд Боб Дилан аввалин маротиба дар саҳна бо гитори барқӣ ҳунарнамоӣ кард.
Соли 1984 дуюмин зани кайҳоннавард Светлана Савитская ба кайҳон баромад.
Соли 1947 дар Прага аввалин Фестивали байналмилалии ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 70 кишвари дунё иштирок намуданд.
День 23 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Зодрӯзи Саймумин Ятимов: рӯзи 23 июл дар таърих
Соли 1992 дар Барселона бозиҳои тобистонаи олимпии XXV оғоз гардида, 9 август ба охир расиданд.
Соли 2002 дар Чин жола борид, ки ҳаҷмаш ба тухми мурғ баробар буд.

Рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" — ро имзо намуданд.
Соли 2008 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон ба Душанбе омада буданд, ба ҳузур пазируфт.
День 22 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Зодрӯзи Фаттоҳ Одинаев ва Темур Пулодов: рӯзи 22 июл дар таърих
Соли 2009 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо иштироки намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷашнвораи фарҳангӣ-экологии "Боми ҷаҳон" баргузор гардид.
Соли 2017 роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 июл

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.
Дар Тунис – Рӯзи ҷумҳурӣ.
Дар Пуэрто-Рико – Рӯзи Конститутсия.
Дар Беларус – Рӯзи хадамоти оташнишонӣ.

Рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Фаридуддин Аттор (1145 – 1221) – шоири форс – тоҷик.
Абдуғаффор Домуллоев (1936) – нависанда.
Леонид Кровитский (1909 – 1981) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Миҷгонаи Суғдӣ (1993)- шоира.
Ҷаҳонгир Низомов (1947)- доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.
Сатторӣ Қиёмиддин (1955 ) – драматург.
Рауф Тоҳирӣ (1912 – 1945) – нависанда.
Ҳамроҳбой Ҳомидов (1941)- иқтисоддон, профессор.
Юнусалӣ Эргашев (1955) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0