https://sputnik.tj/20210723/ruzi-23-iun-dar-tarih-1041106862.html
Зодрӯзи Саймумин Ятимов: рӯзи 23 июл дар таърих
Зодрӯзи Саймумин Ятимов: рӯзи 23 июл дар таърих
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи бисту сеюми июл Рӯзи байналмилалии наҳанг буда дар Осетияи Ҷанубӣ — Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма мебошад
2021-07-23T06:00+0500
2021-07-23T06:00+0500
2021-07-23T11:09+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҷашн
таърих
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/14/1031603384_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_6841ba0d83488c40577d0945052f0635.png
Рӯзи 23 июл дар ҷаҳон чӣ рух додСоли 1880 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон неругоҳи барқи обии тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.Соли 1881 дар шаҳри Лежаи Белгия Федератсияи байналмилалии гимнастика таъсис дода шуд.Соли 1993 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Сиднейро макони баргузории Олимпиадаи соли 2000 интихоб намуд.Соли 2000 моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии "Муштарӣ" ("Юпитер") кашф гардидааст.Рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон чӣ рух додСоли 2009 дар шаҳри Душанбе сессияи 20-уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати сеюм баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд..Соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.Соли 2011 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи миллии Сурия дар доираи давраи дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуд.Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро имзо кард.Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Ҷашнҳои рӯзи 23 июлРӯзи 23 июл кӣ ба дунё омадааст1910 — Пимен (Сергей Михайлович Извеков; соли даргузашт 1990), патриархи Маскав ва Русия (1971—1990).1915 — Михаил Матусовский (соли даргузашт 1990), шоир рус.1968 — Стефани Сеймур, мудели амрикоӣ ва ҳунарпеша.Рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст1955 – доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов.Рӯзи 23 июл кӣ вафот кардааст1875 — Исаак (Айзек) Меррит Зингер (соли таваллуд 1811), ихтироъкори амрикоӣ, ки навъи маъмултарини мошини дӯзандагиро ихтироъ кардааст.1926 — Виктор Васнетсов (соли таваллуд 1848), рассоми рус.Рӯзи байналмилалии наҳанг ва делфинҲамасола сайёраи мо рӯзи 23 июлро чун Рӯзи наҳанг ва делфин таҷлил мекунад (World Whale and Dolphin Day). Ин ҷашн соли 1986 созмон дода шудааст, замоне, ки Комиссияи байналмиаллии наҳангҳо пас аз 200 соли шикори бераҳмонаи наҳанг ин корро мамнӯъ кард.То имрӯз ҳам шикор ва фурӯши гӯшти наҳанг қатъиян манъ аст.Вале шикорчиён барои нестшавии наҳангу делфин хатари ягона набуда, имрӯзҳо онҳоро бештар барои сиркҳо ва океанариумҳо ба дом меандозанд.Ба ҳамин хотир имрӯз, натанҳо рӯзи ҳифзи наҳангу делфин балки ҳамаи намуди ширхораҳои обӣ мебошад.Далелҳои аҷиб дар бораи наҳангҳоНаҳангҳои кабуд бузургтарин ҳайвоноти сайёраи мо ба шумор мераванд. Дарозии бадани ин навъи ҳайвон то 33 метр расида вазнаш аз 150 тонна бештар мебошад.Наҳангҳо қодиранд дар сардтарин обҳо шино кунанд, чун равғани таги пӯсташон онҳоро гарм нигоҳ медорад.Вақти хоб наҳангҳо бо тадриҷ ба болои об баромада, нафас мегиранд, аз ин лиҳоз танҳо нимаи мағзи сарашон хоб меравад.Забони наҳанги кабуд 4 тонна вазн дорад. Забони ин ҳайвон чунон калон аст, ки метавонад то 50 кас дар он ҷой гирад.Наҳангҳо метавонанд то 100 рӯз хоб нараванд ва то 10 моҳ чизе истеъмол накунанд.Наҳангҳои навзод чанд тонна вазн доранд ва то 8 метр дарозӣ. Ҳар рӯз онҳо то 350-390 литр шири модарро мемаканд. Вазни наҳангҳои нимсола то 25 тонна мерасад.
https://sputnik.tj/20210722/ruzi-22-iul-dar-tarih-1041073462.html
https://sputnik.tj/20210721/ruzi-21-iul-dar-tarih-1041034954.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/14/1031603384_454:0:3185:2048_1920x0_80_0_0_daf468329a24930181f03471d4711a48.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашн, тоҷикистон, ҷаҳон
Зодрӯзи Саймумин Ятимов: рӯзи 23 июл дар таърих
06:00 23.07.2021 (Навсозишуда: 11:09 23.07.2021) Рӯзи бисту сеюми июл Рӯзи байналмилалии наҳанг буда дар Осетияи Ҷанубӣ — Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма мебошад
Рӯзи 23 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1880 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон неругоҳи барқи обии тиҷоратӣ таъсис дода шудааст.
Соли 1881 дар шаҳри Лежаи Белгия Федератсияи байналмилалии гимнастика таъсис дода шуд.
Соли 1993 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Сиднейро макони баргузории Олимпиадаи соли 2000 интихоб намуд.
Соли 2000 моҳвораи нави табиӣ — бузургтарин сайёраи системаи офтобии "Муштарӣ" ("Юпитер") кашф гардидааст.
Рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе сессияи 20-уми Палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, даъвати сеюм баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ як зумра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд..
Соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Соли 2011 дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи миллии Сурия дар доираи давраи дуюми бозиҳои махсуси Чемпионати ҷаҳон-2014 қувваозмоӣ намуд.
Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро имзо кард.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзи байналмилалии наҳанг ва делфин.
Дар Осетияи Ҷанубӣ — Рӯзи кормандони воситаҳои ахбори омма.
Дар Ҷумҳурии Абхазия — Рӯзи парчами давлатӣ.
Рӯзи 23 июл кӣ ба дунё омадааст
1910 — Пимен (Сергей Михайлович Извеков; соли даргузашт 1990), патриархи Маскав ва Русия (1971—1990).
1915 — Михаил Матусовский (соли даргузашт 1990), шоир рус.
1968 — Стефани Сеймур, мудели амрикоӣ ва ҳунарпеша.
Рӯзи 23 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
1955 – доктори илмҳои сиёсӣ Саймумин Ятимов.
Рӯзи 23 июл кӣ вафот кардааст
1875 — Исаак (Айзек) Меррит Зингер (соли таваллуд 1811), ихтироъкори амрикоӣ, ки навъи маъмултарини мошини дӯзандагиро ихтироъ кардааст.
1926 — Виктор Васнетсов (соли таваллуд 1848), рассоми рус.
Рӯзи байналмилалии наҳанг ва делфин
Ҳамасола сайёраи мо рӯзи 23 июлро чун Рӯзи наҳанг ва делфин таҷлил мекунад (World Whale and Dolphin Day). Ин ҷашн соли 1986 созмон дода шудааст, замоне, ки Комиссияи байналмиаллии наҳангҳо пас аз 200 соли шикори бераҳмонаи наҳанг ин корро мамнӯъ кард.
То имрӯз ҳам шикор ва фурӯши гӯшти наҳанг қатъиян манъ аст.
Вале шикорчиён барои нестшавии наҳангу делфин хатари ягона набуда, имрӯзҳо онҳоро бештар барои сиркҳо ва океанариумҳо ба дом меандозанд.
Ба ҳамин хотир имрӯз, натанҳо рӯзи ҳифзи наҳангу делфин балки ҳамаи намуди ширхораҳои обӣ мебошад.
Далелҳои аҷиб дар бораи наҳангҳо
Наҳангҳои кабуд бузургтарин ҳайвоноти сайёраи мо ба шумор мераванд. Дарозии бадани ин навъи ҳайвон то 33 метр расида вазнаш аз 150 тонна бештар мебошад.
Наҳангҳо қодиранд дар сардтарин обҳо шино кунанд, чун равғани таги пӯсташон онҳоро гарм нигоҳ медорад.
Вақти хоб наҳангҳо бо тадриҷ ба болои об баромада, нафас мегиранд, аз ин лиҳоз танҳо нимаи мағзи сарашон хоб меравад.
Забони наҳанги кабуд 4 тонна вазн дорад. Забони ин ҳайвон чунон калон аст, ки метавонад то 50 кас дар он ҷой гирад.
Наҳангҳо метавонанд то 100 рӯз хоб нараванд ва то 10 моҳ чизе истеъмол накунанд.
Наҳангҳои навзод чанд тонна вазн доранд ва то 8 метр дарозӣ. Ҳар рӯз онҳо то 350-390 литр шири модарро мемаканд. Вазни наҳангҳои нимсола то 25 тонна мерасад.