Як қурбонии дигари сел дар Айнӣ дарёфт шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Обуна шудан
Ҷасади Боронбой Боронови 64 - соларо зимни гузаронидани корҳои бартарафкунӣ дар Патруддарё дарёфтанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Сокини 64 - солаи деҳоти Шурмашки ҷамоати деҳоти Фондарё нисфирӯзи 20 июл аснои фаромадани сел ғарқ шуд.
Ба иттилои котиботи раиси вилояти Суғд, ҷасади Боронбой зимни баргузор кардани корҳои бартарафкунии сел дар Патруддарё дарёфт ва ба наздикони ӯ супорида шуд.
Манбаъ меафзояд, бар асари боронгариҳои шадид, рӯзи 20 июл, тахминан соатҳои 14-15 дар деҳаи Шурмашки ҷамоати деҳоти Фондарё сел фаромад, ки ба хоҷагии халқ зарари калон расонд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Аҳмадзода тассалияти Президентро ба хонаводаҳои қурбониёни сел дар Панҷакент расонд
Ҳамчунин дар ин ҳодиса як сокини маҳаллӣ низ ҷон бохт. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ кард ва аз номи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин оилаи мотамзада кӯмакҳои моддиву пулӣ расонд.
Гуфта мешавад, сел роҳу пулҳоро хароб намуд ва пас аз боздиди Аҳмадзода ба масъулин супориш дода шуд, ки ҳар чӣ зудтар тамоми оқибатҳои харобиовари офати табиӣ бартараф карда шаванд.
Ёдовар мешавем, бегоҳи рӯзи 19 июл дар се деҳоти шаҳри Панҷакент ҳам сел фаромад, ки талафоти ҷонӣ ба бор оварда буд.
Лентаи хабарҳо
0