https://sputnik.tj/20210724/ahmadzoda-tassaliyat-prezident-honavoda-qurboniyon-sel-panjakent-1041147803.html
Аҳмадзода тассалияти Президентро ба хонаводаҳои қурбониёни сел дар Панҷакент расонд
Аҳмадзода тассалияти Президентро ба хонаводаҳои қурбониёни сел дар Панҷакент расонд
Sputnik Тоҷикистон
Аз номи Президент ба хонаводаи қурбониёни сели марговар дар шаҳри Панҷакент кӯмаки моддиву пулӣ расонида шуд
2021-07-24T16:02+0500
2021-07-24T16:02+0500
2021-07-24T16:14+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
эмомалӣ раҳмон
панҷакент
раҷаббой аҳмадзода
ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040665043_0:22:3069:1748_1920x0_80_0_0_0f916f39827b7afa8d21c4cf7907b929.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд ба дидорбинии хонаводаҳое рафт, ки бар асари офати табиӣ наздикони худро аз даст доданд. Бино ба иттилои котиботи раиси вилояти мазкур, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ташриф ба манзили мотамзадаҳо тасаллияти роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо изҳор дошт.Гуфта мешавад, ба пайвандони ҳалокшудагон аз номи Президент кӯмаки моддӣ ва пулӣ расонида шуд.Манбаъ дақиқан нагуфтааст, ки ба хонаводаҳои мотамзада аз номи роҳбари давлат чӣ миқдор маблағ кӯмак карда шуд.Ёдовар мешавем, сели харобиовари рӯзи 19 июл, ки деҳаҳои Вешист, Рӯзиобнок ва Киштӯдаки болои ҷамоати деҳоти Ёриро фаро гирифт, дар пай талафоти ҷонӣ ҳам дошт.Бар асари ин офати табиӣ дасти кам 12 нафар қурбон шуданд. Аз ҷумла, Этмишева Ором, Эгамбердиева Мусаллам, Исмоилова Сабрина, Исмоилова Нозима, Ҷониқулова Мавлуда, Ёқубов Ҳабиб, Исмоилова Парвина, Исмоилова Марворидхон, Исмоилова Сафина, Исмоилов Озодбек, Исмоилзода Нигина ва Исмоилзода Ҳасан ба ҳалокат расиданд.Зикр мегардад, ки офати табиӣ ҳамзамон ба манзили истиқоматии сокинон, роҳу пулҳои мошингузар, хатҳои оби нӯшокиву полезӣ, хати барқу транформатор ва майдонҳои кишт зарар расонида, якчанд нақлиёти сабукраву боркаш ва даҳҳо сар чорворо нобуд кардааст.Дар деҳаҳои аз офати табиӣ зарардида поккориҳо идома дорад ва масъулин саъй доранд, ки дар зудтарин фурсат сокинони Вешистро бо неруи барқ таъмин намоянд.
https://sputnik.tj/20210720/afzoish-qurboniyon-sel-shahr-panjakent-1041035229.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/05/1040665043_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2c3cc497864a892c021e37ac4fb9d8cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
панҷакент, раҷаббой аҳмадзода ҳамдардӣ сел
панҷакент, раҷаббой аҳмадзода ҳамдардӣ сел
Аҳмадзода тассалияти Президентро ба хонаводаҳои қурбониёни сел дар Панҷакент расонд
16:02 24.07.2021 (Навсозишуда: 16:14 24.07.2021) Аз номи Президент ба хонаводаи қурбониёни сели марговар дар шаҳри Панҷакент кӯмаки моддиву пулӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд ба дидорбинии хонаводаҳое рафт, ки бар асари офати табиӣ наздикони худро аз даст доданд.
Бино ба иттилои котиботи раиси вилояти мазкур, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ташриф ба манзили мотамзадаҳо тасаллияти роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба онҳо изҳор дошт.
Гуфта мешавад, ба пайвандони ҳалокшудагон аз номи Президент кӯмаки моддӣ ва пулӣ расонида шуд.
Манбаъ дақиқан нагуфтааст, ки ба хонаводаҳои мотамзада аз номи роҳбари давлат чӣ миқдор маблағ кӯмак карда шуд.
Ёдовар мешавем, сели харобиовари рӯзи 19 июл, ки деҳаҳои Вешист, Рӯзиобнок ва Киштӯдаки болои ҷамоати деҳоти Ёриро фаро гирифт, дар пай талафоти ҷонӣ ҳам дошт.
Бар асари ин офати табиӣ дасти кам 12 нафар қурбон шуданд. Аз ҷумла, Этмишева Ором, Эгамбердиева Мусаллам, Исмоилова Сабрина, Исмоилова Нозима, Ҷониқулова Мавлуда, Ёқубов Ҳабиб, Исмоилова Парвина, Исмоилова Марворидхон, Исмоилова Сафина, Исмоилов Озодбек, Исмоилзода Нигина ва Исмоилзода Ҳасан ба ҳалокат расиданд.
Зикр мегардад, ки офати табиӣ ҳамзамон ба манзили истиқоматии сокинон, роҳу пулҳои мошингузар, хатҳои оби нӯшокиву полезӣ, хати барқу транформатор ва майдонҳои кишт зарар расонида, якчанд нақлиёти сабукраву боркаш ва даҳҳо сар чорворо нобуд кардааст.
Дар деҳаҳои аз офати табиӣ зарардида поккориҳо идома дорад ва масъулин саъй доранд, ки дар зудтарин фурсат сокинони Вешистро бо неруи барқ таъмин намоянд.