https://sputnik.tj/20210724/nazarpursi-reyting-bayden-nishondod-pasttarin-1041147485.html
Назарпурсӣ: рейтинги Байден ба нишондоди пасттарин уфтод
Назарпурсӣ: рейтинги Байден ба нишондоди пасттарин уфтод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадс зада мешавад, ки коҳиш ёфтан боварии мардуми Амрико ба кишвардори худ аз он сабаб аст, ки ӯ ҳамоно чанд ваъдаи қабл аз интихоботӣ додаи худро амалӣ накардааст
2021-07-24T15:40+0500
2021-07-24T15:40+0500
2021-07-24T15:42+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амрико
назарпурсӣ
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040258697_0:0:3125:1757_1920x0_80_0_0_e3b2c76e62309bd2f3a90f8beaa88d53.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Рейтинги фаъолияти кишвардори Амрико Ҷо Байден ҳатто аз 50 фисад ҳам пасттар фаромадааст, менависад Прайм бо такя ба ширкати амрикоии Gallup, ки ба баргузории назарпурсӣ миёни мардум машғул аст.Гуфта мешавад, ин пасттарин нишондоди рейтинги Байден аз авоили интихоб шудани ӯ ба маснади президентӣ аст. Зеро моҳи июн ин нишондод ба 56 дарсад баробар буд. Бар тибқи натоиҷи назарпурсӣ, ки аз 6 то 21 июл доир шуда буд, ҳудуди 45 фисади пурсидашудаҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти Ҷо Байденро қабул надоранд.Ҳамчунин 5 дарсади иштирокчиёни назарпурсӣ дар ин бора ҳоло назари мукаммал надоранд.Зикр мегардад, ки маҳбубияти Байден ҳатто миёни ҷонибдорони ӯ аз Ҳизби демократӣ низ коҳиш ёфтааст. Зимни назарпурсӣ 90 дарсади ҳамҳизбони ӯ Байденро дастгирӣ намуданд, дар ҳоле, ки моҳи январ 98 дарсади аъзоёни ҳизби мазкур аз Байден пуштибонӣ мекарданд.Ҳолдонҳо коҳиш ёфтани рейтинги Байденро ба муборизаи Вашингтон бо пандемия рабт медиҳанд. Ба таъкиди онҳо, сатҳи сироятшавӣ ҳамоно зиёд буда, ҷараёни ваксингирӣ ниҳоят суст аст.Илова бар ин, Байден ҳамоно якчанд ваъдаҳое, ки қабл аз маъракаи интихоботӣ ба мардум дода буд, иҷро накардааст.
https://sputnik.tj/20210717/putinu-bayden-poygoh-nizomi-tojikiston-qirghiziston-barrasi-1040960741.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040258697_98:0:2829:2048_1920x0_80_0_0_37e874d620f876dc0cb3fc104ed8d0f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷо байден рейтинг амрико
Назарпурсӣ: рейтинги Байден ба нишондоди пасттарин уфтод
15:40 24.07.2021 (Навсозишуда: 15:42 24.07.2021) Ҳадс зада мешавад, ки коҳиш ёфтани боварии мардуми Амрико ба кишвардори худ аз он сабаб аст, ки ӯ ҳамоно чанд ваъдаи қабл аз интихоботӣ додаи худро амалӣ накардааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Рейтинги фаъолияти кишвардори Амрико Ҷо Байден ҳатто аз 50 фисад ҳам пасттар фаромадааст, менависад Прайм бо такя ба ширкати амрикоии Gallup, ки ба баргузории назарпурсӣ миёни мардум машғул аст.
Гуфта мешавад, ин пасттарин нишондоди рейтинги Байден аз авоили интихоб шудани ӯ ба маснади президентӣ аст. Зеро моҳи июн ин нишондод ба 56 дарсад баробар буд.
Бар тибқи натоиҷи назарпурсӣ, ки аз 6 то 21 июл доир шуда буд, ҳудуди 45 фисади пурсидашудаҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти Ҷо Байденро қабул надоранд.
Ҳамчунин 5 дарсади иштирокчиёни назарпурсӣ дар ин бора ҳоло назари мукаммал надоранд.
Зикр мегардад, ки маҳбубияти Байден ҳатто миёни ҷонибдорони ӯ аз Ҳизби демократӣ низ коҳиш ёфтааст. Зимни назарпурсӣ 90 дарсади ҳамҳизбони ӯ Байденро дастгирӣ намуданд, дар ҳоле, ки моҳи январ 98 дарсади аъзоёни ҳизби мазкур аз Байден пуштибонӣ мекарданд.
Ҳолдонҳо коҳиш ёфтани рейтинги Байденро ба муборизаи Вашингтон бо пандемия рабт медиҳанд. Ба таъкиди онҳо, сатҳи сироятшавӣ ҳамоно зиёд буда, ҷараёни ваксингирӣ ниҳоят суст аст.
Илова бар ин, Байден ҳамоно якчанд ваъдаҳое, ки қабл аз маъракаи интихоботӣ ба мардум дода буд, иҷро накардааст.