Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карданд

© Пресс-служба Президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Обуна шудан
Бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон гуфтугӯи телефонии Сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва нахуствазири Қазоқистон Аскар Мамин баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Бино бар иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҷонибҳо зимни гуфтугӯи телефонӣ масъалаҳои мубрами дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Гуфта шудааст, ки ҳар ду ҷониб таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи созишномаҳои дар натиҷаи сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон дар 19-20 майи соли 2021 бадастомада зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки бо назардошти хушксолии шадиди имсол дар минтақа мушоҳидашаванда, ҷониби Тоҷикистон бар асоси принсипҳои дастгирии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек тасмим гирифта шуд, ки барои эҳтиёҷоти обёрии Қазоқистон аз обанбори “Баҳри Тоҷик”ба андозаи 50 метри мукааб об дар сония иловатан зиёд кунад.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Самимона табрик кард: занги телефонии Раҳмон ба Мирзиёев
Қазоқистон дар тобистони имсол ба сурати изофӣ аз обанбори нерӯгоҳи барқии “Қайроққум” 315 миллион мукааб оби изофии полезӣ мегирад.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта ба далели камобӣ Ӯзбекистон аз Тоҷикистон хоста буд, ки барои обёрии заминҳои ҳавзаи Сирдарё аз обанбори “Қайроққум” оби изофӣ бигирад. Он замон Вазорати оби Ӯзбекистон гуфта буд, ба ин хотир ба Тоҷикистон 5 дастгоҳи обкашӣ бо қудрати обпартоии 500 литр дар як сония ва инчунин 20 насоси дигар дода мешавад. Ҷониби Ӯзбекистон барои гирифтани оби изофӣ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 1,5 миллирад сӯм (тақрибан 145 ҳазор доллар) додааст.
Обанбори нерӯгоҳи барқии “Қайроққум” яке аз бузургтарин обанборҳо дар қаламрави Тоҷикистон аст. Масоҳати он дар дарозӣ то 65 километр ва паҳноияш аз 8 то 20 километр ва масоҳати сатҳи меъёрии иншоот 512 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обанбор 3,413 миллиард метри мураббаъ буда, он таъиноти истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба уҳда дорад. Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 9 обанбор вуҷуд доранд.
Лентаи хабарҳо
0