https://sputnik.tj/20210724/samimona-tabrik-kard-zangi-telefonii-rahmon-ba-mirziyoev-1041144091.html
Самимона табрик кард: занги телефонии Раҳмон ба Мирзиёев
Самимона табрик кард: занги телефонии Раҳмон ба Мирзиёев
Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз миёни Президенти Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ сурат гирифт
2021-07-24T12:42+0500
2021-07-24T12:42+0500
2021-07-24T12:42+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
раисҷумҳур
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040138166_0:72:2735:1610_1920x0_80_0_0_0deb788d6040620a99aa5c375773de05.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури имрӯз миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.Ба иттилои манбаъ, дар оғози суҳбат Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар дар иртибот ба даргузашти хоҳари Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллӣ кард.Ҳамзамон зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Ӯзбекистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфтанд.Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти пурсамари Шавкат Мирзиёевро дар маснади Президенти Ӯзбекистон, ки ба ӯ эҳтироми бузург ва эътибори баланд овард, таъкид кард.Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев дастовардҳои беназир орзу намуданд.Раисҷумҳури Тоҷикистон кӯшишҳои доимии Президенти Ӯзбекистонро оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти бузурги натиҷаҳои сафари расмии чанде пеши ӯро ба Тоҷикистон, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи тарафҳо ба нафъи халқҳоямон такони нав бахшиданд, тазаккур дод.Дар ҷараёни суҳбат ду президент оид ба як зумра масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзмарраи минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.Аз ҷумла ҷараёни рушди ташвишовари вазъ дар Афғонистони ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.
https://sputnik.tj/20210721/mirziyoev-rahmon-darguzasht-hohar-1041041177.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040138166_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e96a278f49d2f2db40bf831942a32a74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, суҳбати телефонӣ
тоҷикистон, ӯзбекистон, эмомалӣ раҳмон, шавкат мирзиёев, суҳбати телефонӣ
Самимона табрик кард: занги телефонии Раҳмон ба Мирзиёев
Имрӯз миёни Президенти Тоҷикистону Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури имрӯз миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар оғози суҳбат Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар дар иртибот ба даргузашти хоҳари Эмомалӣ Раҳмон изҳори тасаллӣ кард.
Ҳамзамон зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Ӯзбекистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфтанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти пурсамари Шавкат Мирзиёевро дар маснади Президенти Ӯзбекистон, ки ба ӯ эҳтироми бузург ва эътибори баланд овард, таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев дастовардҳои беназир орзу намуданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон кӯшишҳои доимии Президенти Ӯзбекистонро оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти бузурги натиҷаҳои сафари расмии чанде пеши ӯро ба Тоҷикистон, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи тарафҳо ба нафъи халқҳоямон такони нав бахшиданд, тазаккур дод.
Дар ҷараёни суҳбат ду президент оид ба як зумра масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзмарраи минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
Аз ҷумла ҷараёни рушди ташвишовари вазъ дар Афғонистони ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.