https://sputnik.tj/20210724/afzoishi-shumor-bemoron-koronavirus-tojikiston-omor-1041141245.html
Афзоиши шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат
Афзоиши шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ аз сироятӣ боз 68 нафари дигар ба вируси корона дар кишвар хабар дод. Афзоиши беморон дар тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон, ба нишондиҳандаи рекордӣ мерасад
2021-07-24T10:20+0500
2021-07-24T10:20+0500
2021-08-10T16:57+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
зиёд шудан
коронавирус
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032542566_0:0:3011:1694_1920x0_80_0_0_d0ae74875dc2fbfc6306ba844e02a2f6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта низ афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 68 ҳолати нав ошкор карда шуд.Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 62 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14427 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13964 нафар шифо ёфтаанд.Ҳамзамон вазорат хабари хуш додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон 116 боқӣ монааст.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум ду намуд ваксин AstraZeneca ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи ваксинзанӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20210723/holiqzoda-mavji-seum-koronavirus-shtami-hindi-tojikiston-1041119484.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032542566_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a0511b6d581983d03cef3ac1f4702633.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коронавирус, вазорат, омор, марг, сироят, афзоиш
тоҷикистон, коронавирус, вазорат, омор, марг, сироят, афзоиш
Афзоиши шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон: омори нави вазорат
10:20 24.07.2021 (Навсозишуда: 16:57 10.08.2021) Вазорати тандурустӣ аз сироятӣ боз 68 нафари дигар ба вируси корона дар кишвар хабар дод. Афзоиши беморон дар тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон, ба нишондиҳандаи рекордӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.
Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта низ афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 68 ҳолати нав ошкор карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 62 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 14427 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13964 нафар шифо ёфтаанд.
Ҳамзамон вазорат хабари хуш додааст, ки дар давоми шабонарӯзи ахир, аз ин беморӣ касе нафавтидааст ва теъдоди умумӣ ҷонбохтагон 116 боқӣ монааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Ин ниҳод рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба мардум ду намуд ваксин AstraZeneca ва дигаре CoronaVac пешниҳод мешавад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай наздик ба ним миллион шаҳрвандони кишвар ваксин гирифтанд ва маъракаи ваксинзанӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.