Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Холиқзода дар бораи мавҷи сеюми коронавирус, штами "ҳиндӣ" ва бепарвоӣ дар Тоҷикистон

© Сайт больницы Ибни СиноДиректор больницы Ибни Сино, Абдухалил Холикзода
Директор больницы Ибни Сино, Абдухалил Холикзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Эҳтимоли ғолиб, "штами "ҳиндӣ"-и коронавирус дар Тоҷикистон сабаби сахт шудани мавҷи севум гардидааст"
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино дар Душанбе дар посух ба суоли сокинон дар саҳифааш дар Фейсбук ёддоште навиштаву ба онҳо посух гуфтааст.
Ӯ дар бораи мавҷи севум - ба гуфтаи вай феълан дар Тоҷикистон маҳз мавҷи севум ҷараён дорад, эҳтимоли сар задани штами "ҳиндӣ" ва хатари он, бепарвоии сокинону аҳамияти ваксингирӣ маълумот ироа кардааст.

Дар Тоҷикистон мавҷи севум аст

Ҳамин тавр, ба қавли вай, ки дар истинод ба коршиносони соҳаи тиб навиштааст, феълан дар Тоҷикистон мавҷи севуми коронавирус аст.

"Мавҷи аввалро мо дар охири баҳор ва мавҷи дуввумро дар тирамоҳи соли гузашта гузаронда будем. Мавҷи сеюм ба тобистони имсол рост омад ва пеш аз ҳама тамоми фарзияҳои ба фаслҳои сол ва гармиву сардӣ рабт надоштани шуюъи вирусро бармало кард", - мегӯяд Холиқзода.

Ба қавли мудир, нафароне, ки дар ин мавҷ мубталои COVID-19 мешаванд, "дар мавҷҳои авалу дувум бемор нашудаанд ва воксин ҳам нагирифтаанд".

Штами Делта ва ё "ҳиндӣ" дар Тоҷикистон: хавфнок аст

Эҳтимоли ғолиб ҳоло дар кишвар навъи "ҳиндӣ"-и коронавирус авҷ мегирад, ки ба маротиб гузарандатар ва хатарноктар аст. Дар ҳамин ҳол, қайд мекунад Холиқзода, инро ташхисе дақиқ накардааст.

"Аломатҳое, ки мутахассисон дар беморони кишварамон мушоҳида мекунанд, бозгӯи он аст, ки ҳамин штами Делта дар кишвари азизамон бедод мекунад.Эҳтимоли он ки штами Делта сабаби сахт шудани ин мавҷ аст, болост", - мегӯяд мудири бемористон.

Аломатҳои ин навъи коронавирус шикамравӣ ва дарди гулӯ гуфта мешавад. Афзун бар ин, "штами Делта аз гиребони ҷавонон сахт медоштааст".
"Ба назари коршиносон ин штам гузарандагии зиёд дорад ва дар шахсони нисбатан ҷавон бемории вазнин ба бор меорад. Аломатҳои беморие, ки бар асари штами Делта зоҳир меёбанд, низ каме фарқ доранд. Агар дар мавҷҳои қаблӣ беморӣ бештар аз гум кардани бӯй, мазза ва сулфа оғоз мешуд, акнун бештар бо исҳол (шикамравӣ) ва дарди гулӯ оғоз мешавад ва хеле вазнин мегузарад", - таъкид мекунад ӯ.
Касоне, ки бар асари штамҳои қаблӣ - Алфа, Бета, Гамма ва ғайра бемориро аз сар гузаронида масъуният ҳосил кардаанд, ба ин штамм низ муқовиманд.
Врачи госпитализируют больного, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СҶБ аз бурузи навъи хатарноктарини коронавирус ҳушдор дод
Вале коршиносон аз ҷаҳишҳои пайдарпайи ин вирус нигаронанд ва хавф доранд, ки шояд як ҷаҳиш вирусро ба ҳадде тағйир диҳад, ки масъунияти қаблӣ онро нашиносад.

Бемор шудам гуфта, бепарвоӣ накунед

Холиқзода риояи қоидаҳои беҳдоштро новобаста аз он ки бемории коронавирусро кас аз сар гузаронидааст ё не, таъкид мекунад. Ӯ мегӯяд, ки бархе сокинон дар ин маврид беаҳамиятӣ мекунанд.
"Одамони масъуниятдор ноқили ин вирус буда метавонанд ва бо ин бепарвоӣ метавонанд атрофиёнашонро олуда созанд. Ин вирус пайваста ҷаҳиш меёбад ва маълум нест, ки масъунияти бадани мо ба ҷаҳиши баъдӣ муқовим буда бошад", - таъкид мекунад ӯ.
Мудири Бемористони ибни Сино таъкид мекунад, сокинон бояд ваксин гиранд.
Ба исрори коршиносони эпидемиолог танҳо роҳи пешгирӣ аз мубтало шудан ба ин беморӣ воксинзанист. Ҳар нафаре, ки бемориро аз сар нагузарондааст, бояд талош кунад, ки дар аввалин фурсат ва имконият воксанзанӣ шавад.
Лентаи хабарҳо
0