Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ филм меофаранд: тафсилот

© Sputnik Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси "Тоҷикфилм"
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Тоҷикфилм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Барои омодаи ин филм дар Тоҷикистон гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, ҷомишиносони саршиноси тоҷик ва мутахассисони соҳа ҷалб карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таърихи дӯстии мардуми тоҷик ва ӯзбек дар симоӣ дӯстии ду мутафаккир Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ филм меофаранд. Дар ин бора ҳанӯз моҳи июн, зимни сафари Шавакт Мирзиёев ба Тоҷикистон муайян гардида буд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" зимни нишасти матбуотӣ тафсилоти омодагӣ ба наворгирии ин филми муштаракро гуфт.
Ба қавли Шорҳиён, баъди пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва президент Шавкат Мирзиёев, "Тоҷикфилм" ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар пайи омодагӣ ба наворгирӣ гаштанд.
"Феълан, дар ду ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, коркард ва эҷоди филмнома мавриди омӯзиш қарор дорад", - гуфт раиси "Тоҷикфилм".
Муассиса дар ин ҷода коршиносони соҳаро ҷалб намуда, ҷомишиносонро ба ҳамкорӣ даъват кардааст.
Совместная конференция Таджикистана и Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Амри Раҳмон: дар Душанбе боғе ба номи шоири узбек ва муҷассамаи Ҷомиву Навоӣ пайдо мешавад
"Барои навиштани сенария ҳама маводҳо ҷомъ оварда шуданд", - афзуд Шоҳиён.
Гуфта мешавад, роҳбари гурӯҳи кориро Сӯфизода Шодимуҳаммад, роҳбари китобхонаи ба номи Индира Гандӣ дар дӯш дошта, ба ҳайъати гурӯҳ профессорон Муҳриддин Низомов, Мирзо Солеҳ, Мисбоҳиддини Нарзиқул ва ходими илмиву ҷамъиятӣ Абдуллои Раҳнамо шомиланд.
Воқеаи таърихӣ: таърифи Раҳмон аз сафари Мирзиёев ба Хуҷанд
Раиси "Тоҷикфилм" гуфт, онҳо нақша доранд, ки то охири ин моҳ маводҳои филм аз ҷониби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пурра ҷамъ оварда, муштарак ба навиштани сенария шурӯъ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, феълан коргардони филм ва бозингари нақши асосӣ маълум нест.

"Кастингҳо доир кардаву актиёрони бомаҳоратро интихоб хоҳем кард. Тамоми ҷавононеро, ки мехоҳанд дар омода кардани ин филми таърихӣ даст дошта бошанд, ба ҳамкорӣ даъват мекунем", - мегӯяд вай.

Ҳамчунин феълан маълум нест, ки филми "Дӯстии Ҷомиву Навоӣ" бо кадом забон ба навор гирифта хоҳад шуд. Вале Шоҳиён мегӯяд, дар назар аст бо се забон - тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ пешниҳод гардад. Ҳазинаи филм низ муштарак хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0