https://sputnik.tj/20210603/davlatov-rahmon-mirziyoevro-navoi-jomi-1039957843.html
Сиёсати бародарона: Давлатов Раҳмону Мирзиёевро бо Ҷомӣ ва Навоӣ муқоиса кард
Сиёсати бародарона: Давлатов Раҳмону Мирзиёевро бо Ҷомӣ ва Навоӣ муқоиса кард
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар минтақа махсус хонд
2021-06-03T20:35+0500
2021-06-03T20:35+0500
2021-06-03T21:24+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039957298_0:71:1025:647_1920x0_80_0_0_27e2771873cfe6de617079a13968e4af.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Зубайдулло Давлатов сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо Ҷомию Навоӣ муқоиса карда, онҳоро барқароркунандаи сиёсати бародарона гуфт.Ин нуктаро Давлатов, дар доираи конфронси муштараки илмию амалӣ дар мавзӯи "Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон", ки дар Душанбе доир шуд, зикр кард.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, конфронси мазкур дар ҳошияи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон доир шуд.Зубайдулло Давлатов иброз дошт, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар миёни муносибатҳои минтақавӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд. Зеро таърихӣ ва анъанавӣ буда, чӣ аз ҷиҳати урфу одат, расму оин, дин ин ду халқ бо ҳам наздик аст.Ӯ гуфт, ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ дар соҳаи иктисод, фарҳанг, саноат, хоҷагии қишлоқ, илму маориф ва тандурустӣ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ мешавад. Вақте сухан дар бораи муносибати ду миллати дӯсту бародар меравад мо ҳатман Абдураҳмони Ҷомиро бо Алишер Навоӣ мисол меорем. Ба зикри мавсуф, дар соли 2020 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 500 млн доллари амрикоиро ташкил намуд ва ҳарду давлат тасмим гирифт, ки дар солҳои минбаъда гардиши молро бо савдои иқтисодӣ ба зиёда аз 1 миллиард доллар расонанд.Ногуфта намонад, ик дар ин ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандон, коршиносон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд.
https://sputnik.tj/20210602/tijorat-tojironi-uzbekiston-tojikiston-omadand-1039903177.html
https://sputnik.tj/20210602/hushdori-grozin-dushmanii-tojikonu-qirghizho-1039924730.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/03/1039957298_51:0:962:683_1920x0_80_0_0_ff748ba9f1970f57aafcaac1d95086bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, тоҷикистон, сиёсат
ӯзбекистон, тоҷикистон, сиёсат
Сиёсати бародарона: Давлатов Раҳмону Мирзиёевро бо Ҷомӣ ва Навоӣ муқоиса кард
20:35 03.06.2021 (Навсозишуда: 21:24 03.06.2021) Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар минтақа махсус хонд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Зубайдулло Давлатов сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо Ҷомию Навоӣ муқоиса карда, онҳоро барқароркунандаи сиёсати бародарона гуфт.
Ин нуктаро Давлатов, дар доираи конфронси муштараки илмию амалӣ дар мавзӯи "Нуқтаҳои нави густариш ва таҳкими ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон", ки дар Душанбе доир шуд, зикр кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, конфронси мазкур дар ҳошияи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон доир шуд.
Зубайдулло Давлатов иброз дошт, ки муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар миёни муносибатҳои минтақавӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамоянд. Зеро таърихӣ ва анъанавӣ буда, чӣ аз ҷиҳати урфу одат, расму оин, дин ин ду халқ бо ҳам наздик аст.
Ӯ гуфт, ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ дар соҳаи иктисод, фарҳанг, саноат, хоҷагии қишлоқ, илму маориф ва тандурустӣ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ мешавад.
Вақте сухан дар бораи муносибати ду миллати дӯсту бародар меравад мо ҳатман Абдураҳмони Ҷомиро бо Алишер Навоӣ мисол меорем.
"Ба ҳамин монанд дар давраи ҷаҳонишавӣ ду чеҳраи дигари сиёсат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳастанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии ҳарду мамлакат асоси сиёсати нави бародаронаи ду давлатро барқарор карданд",- афзуд Зубайдулло Давлатов.
Ба зикри мавсуф, дар соли 2020 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 500 млн доллари амрикоиро ташкил намуд ва ҳарду давлат тасмим гирифт, ки дар солҳои минбаъда гардиши молро бо савдои иқтисодӣ ба зиёда аз 1 миллиард доллар расонанд.
Ногуфта намонад, ик дар ин ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандон, коршиносон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд.