https://sputnik.tj/20210707/fayzov-smm-bunyod-oqohon-afghoniston-1040705388.html
Файзов бо СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро баррасӣ кард
Файзов бо СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи фирориён аз Афғонистонро баррасӣ кард
2021-07-07T12:44+0500
2021-07-07T12:44+0500
2021-07-07T18:23+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
марз
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
иҷтимоъ
смм
оқохон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040705332_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_f0013d83730794a454a14a7eed31b37f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот бо роҳбарони ВМКБ аз қабули фирориёни Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон тавсиф кардаанд. "Қабули гурезаҳо аз Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити муташанниҷи минтақа, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии коронавирус худ як мисоли барҷастаи масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст", - таъкид шудааст дар мулоқоти Файзов бо намояндагони шарикони рушд.Ба иттилои манбаъ, раиси ВМКБ аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудратӣ барои таъмини будубоши гурезагон ва мушкилот ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод. Таъкид шудааст, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳолӣ корбарӣ намуда паноҳбурдагонро бо ғизо, рахти хоб, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст.Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ҳадафи дигари ин мулокот ҳамкории минбаъда бо СММ ва Бунёди Оқохон дар мавриди вазъи Афғонистону ҷой додани фирориён мебошад.Манбаъ афзуд, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ин самт танҳо набуда, созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кишварро дастгирӣ хоҳанд кард. Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи амалиёти созмони террористии мамнуъ - Толибон дар шимоли Афғонистон садҳо нафар аз ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.
https://sputnik.tj/20210301/safir-aghbar-zuhurov-rahmon-ahmadshoh-afghoniston-1032898059.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040705332_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_bdb4caeb1640266aa6c1181faeb87569.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумати вмкб, гурезаҳо, бадахшон, фирориён, афғонистон
ҳукумати вмкб, гурезаҳо, бадахшон, фирориён, афғонистон
Файзов бо СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи гурезаҳо аз Афғонистонро баррасӣ кард
12:44 07.07.2021 (Навсозишуда: 18:23 07.07.2021) Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи фирориён аз Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот бо роҳбарони ВМКБ аз қабули фирориёни Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон тавсиф кардаанд.
"Қабули гурезаҳо аз Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити муташанниҷи минтақа, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии коронавирус худ як мисоли барҷастаи масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст", - таъкид шудааст дар мулоқоти Файзов бо намояндагони шарикони рушд.
Ба иттилои манбаъ, раиси ВМКБ аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудратӣ барои таъмини будубоши гурезагон ва мушкилот ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод.
Таъкид шудааст, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳолӣ корбарӣ намуда паноҳбурдагонро бо ғизо, рахти хоб, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ мегӯяд, ҳадафи дигари ин мулокот ҳамкории минбаъда бо СММ ва Бунёди Оқохон дар мавриди вазъи Афғонистону ҷой додани фирориён мебошад.
Манбаъ афзуд, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар ин самт танҳо набуда, созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ кишварро дастгирӣ хоҳанд кард.
Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи амалиёти созмони террористии мамнуъ - Толибон дар шимоли Афғонистон садҳо нафар аз ин кишвар ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.