https://sputnik.tj/20210723/sirenai-kuli-sarez-imsol-1041124981.html
Сиренаи нави кӯли Сарез имсол ба кор медарояд
Сиренаи нави кӯли Сарез имсол ба кор медарояд
Sputnik Тоҷикистон
Насби низоми нави огоҳкунандаи кӯли Сарез дар ҳоли анҷомёбист
2021-07-23T15:50+0500
2021-07-23T15:50+0500
2021-07-23T15:50+0500
дар тоҷикистон
кҳф
огоҳӣ
кӯли сарез
масъалаи кӯли сарез
низоми нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101783/80/1017838036_0:0:3127:1759_1920x0_80_0_0_dffa4b7a41a101cd55e02f2252848810.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гузориш доданд, ки низоми нави огоҳии барвақтӣ ва мониторинги кӯли Сарез моҳи августи ҳамин сол ба кор медарояд.Гуфта мешавад, ки системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ шуд, насб мегардад.Низоми нав, аз ҷониби ширкати итолёвии "САЕ", ки дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал аз ширкатҳои пешгом гуфта мешавад, бо маблағи 750 ҳазор доллар амалӣ мегардад.Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад.Кӯли Сарез: офати табиӣ ё муъҷизае дар кӯҳҳои ПомирФеълан системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст.Бояд гуфт, ҳанӯз 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез, имзо шуда буд.Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад. Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастанд.
https://sputnik.tj/20201127/Dah-million-dollar-baroi-kharidi-tajhizot-ba-khotiri-nazorati-kli-Sarez-1032356343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101783/80/1017838036_153:0:2882:2047_1920x0_80_0_0_8cf03c9dbe60c3c10c8332d8c37ae951.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сирена, кӯли сарез
Сиренаи нави кӯли Сарез имсол ба кор медарояд
Насби низоми нави огоҳкунандаи кӯли Сарез дар ҳоли анҷомёбист
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гузориш доданд, ки низоми нави огоҳии барвақтӣ ва мониторинги кӯли Сарез моҳи августи ҳамин сол ба кор медарояд.
Гуфта мешавад, ки системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ шуд, насб мегардад.
Низоми нав, аз ҷониби ширкати итолёвии "САЕ", ки дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал аз ширкатҳои пешгом гуфта мешавад, бо маблағи 750 ҳазор доллар амалӣ мегардад.
Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад.
Феълан системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ҳанӯз 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез, имзо шуда буд.
Сарез- яке аз ҷавонтарин нуқтаи ҷуғрофии сайёраамон ба шумор меравад.
Кӯл шаби 18 феврали соли 1911, дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди куҳии Мурғоб пайдо шудааст. Он шаб, зиёда аз ду мукааб километр ҷинсҳои куҳӣ сарбанди дарёро бастанд.