“Саксавулро наҷот диҳед!” – тадобири хоҷагии ҷангал дар баробари гармшавии иқлим

© AP / Hani MohammedПастух ведет стадо коз через плотину, пострадавшую от засухи, на окраине города Сана, Йемен
Пастух ведет стадо коз через плотину, пострадавшую от засухи, на окраине города Сана, Йемен - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Обуна шудан
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон аз пайомадҳои гармшавии иқлим ва асароти он суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Нуралӣ Ҳусайнов гуфт, агар дар гузашта аз гармшавии иқлим аҳли илм суҳбат мекарданд, ҳоло онро ҳар фард эҳсос мекунад ва ин ба воқеият табдил ёфтани нигарониҳои чанд соли пеш аст.
“Дар гузашта ҳар сол ду – се ҳодисаи омадани селҳои бузург дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, иттифоқ меафтод. Дар шаҳр ва гирду атрофаш боронҳои зиёди пуршиддат меборид. Солҳои охир ин гуна боронҳо ва омадани сел дида намешавад. Дар гузашта дар Душанбе ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гарм мешуд, ҳоло аз 40 дараҷа боло гарм мешавад ва ин ҳарорат рӯзҳову ҳафтаҳо идома пайдо мекунад”, - гуфт ӯ.
Поляна Сулоева. Международный альпинистский лагерь. Ледник Фортамбек. Памир. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Нигаронии Раҳмону Мирзиёев аз мушкилоти экологӣ дар Осиёи Марказӣ
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии хоҷагии ҷангал мегӯяд, ин вазъ ба табиат ва саломатии инсонҳо таъсири худро мерасонад ва дар фаъолиятҳои ниҳодҳои хоҷагии ҷангал низ мушкил ба бор овардааст.
“Солҳои пеш ҷангалҳои Тоҷикистон бидуни обёрӣ бунёд карда мешуданд. Ин қадар пистазору ҷангалҳои муҳофизатӣ пеш аз ҳама барои он бунёд мешуданд, ки заминҳоро аз сел ва шусташавӣ ҳифз кунанд. Аммо солҳои ахир ҳамон сел ҳам нест, ки заминҳоро шӯяд. Эҳтимол дорад, ки ҳатто дар моҳи август боронгарии шадид шуда, сел ояд, аммо раванди умумӣ ин аст, ки ҳам баҳору тобистон ва ҳам зимистон боришот кам шудааст”, - гуфт Нуралӣ Ҳусайнов.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар кишвар 299 офати табиӣ рух дода, дар пайи он 23 нафар, аз ҷумла дар пайи фаромандани селу ярчу тарма ва сангрезӣ ҷони худро аз даст додаанд. Бино ба ин манбаъ, дар пайи офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 111 миллион сомонӣ (9,7 миллион доллар) зарари моддӣ расидааст.
Закат на море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Хушксолии фоидаовар: Тоҷикистон омодааст аз Қазоқистон обро бо сӯзишворӣ иваз кунад
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии хоҷагии ҷангал гуфт, ҳар як хоҷагидор, аз ҷумла мо, кормандони хоҷагии ҷангал дар агротехника ва технологияи парвариши ҷангалҳо ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудем ва маҷбурем имрӯз агротехникаву технологияи навро роҳандозӣ кунем, то ҷангалҳои мо бисабзанд.
“Ин интиқодҳо, ки чаро ин қадар ниҳол мешинонему натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд, то ҷое дурустанд. Аммо агар роҳи Душанбе – Ваҳдатро аз тарафи чап бингаред, қариб 50% сабз шудааст ва ниҳолҳои зиёди ҳамешасабзу бодому ғайра дар он шинонда шудаанд. Дар гузашта ин ҳама бидуни обёрӣ мешуд, аммо ҳоло мо маҷбурем, ки бо иттифоқи ҷамоатҳо объёрӣ ва нарм кардани бехи ниҳолҳоро ба роҳ монем”, - гуфт Нуралӣ Ҳусайнов.
Вай мисоли ҷолибтареро низ оварда, гуфт, Агентии ҷангал дар минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ва бархе манотиқи вилояти Суғд ба шинондани ниҳоли саксавул иқдом кард.
“Акнун саксавулро низ об мемонем, зеро солҳои ахир аз коридани тухми он натиҷа ба даст наомад. Маҷбур шудем, ки дар саксавулзорҳои ҷавон обмониро ба роҳ монем. Пистаро ҳам бо халтачаҳо корида, об мемонем. Дар бархе ҷойҳо ҳатто обёрии қатрагиро роҳандозӣ кардем. Ин ҳама ба хотири муқовимат бо гармшавии иқлим ва камшавии боришот аст”, - гуфт Нуралӣ Ҳусайнов.
Саксавул танҳо гиёҳест, ки дар биёбонҳо ва дар гармии 70 – 80 дараҷа месабзад ва барои нигоҳ доштани хоки биёбон ва мустаҳкам кардани қумзорҳо парвариш мешавад, то ҳангоми шамолҳои сахт ба ҳаракат омада, чангу ғубор ба вуҷуд наоранд.
Аз сӯи дигар, саксавулзорҳо чарогоҳҳои зимистона барои чорво ба ҳисоб мераванд. Аммо ба қавли Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии хоҷагии ҷангал, чангу ғуборе, ки дар шаҳри Душанбеву навоҳии атроф дида мешавад ва бо номи “боди афғонӣ” маъруф аст, аз соҳаҳои атрофи баҳрҳои Аралу Каспӣ меояд.
Лентаи хабарҳо
0