Қабули қонуни интихоботи Президенти Тоҷикистон: рӯзи 21 июл дар таърих

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 21 июля
День 21 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту якуми июл дар Белгия- Рӯзи миллӣ ва дар Гуам- Рӯзи озодӣ мебошад. Дар Тоҷикистон соли 1994 дар ин рӯз қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд

Рӯзи 21 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 аввалин империяи Мексика таъсис ёфтааст.
Соли 1870 дар Лондон аввалин Агентии ақди никоҳ ба кор оғоз намудааст.
Соли 1959 дар ИМА аввалин киштии коммуналии атомии "Саванна" ба об сар дода шудааст.
День 20 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Зодрӯзи Алиқул Девонақулов ва Хуршед Алидодов: 20 июл дар таърих
Соли 1969 аввалин бор одам ба сайёраи Моҳтоб баромадааст. Ӯ Нил Армстронг, командири киштии кайҳонии Америка — "Аполлон-11" буд.
Соли 1983 дар истгоҳи "Восток"- Антарктида ҳарорати пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шудааст, ки он −89,2 °C-ро ташкил додааст.

Рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1994 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд.
Соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 қонун, аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонд.
Соли 2010 таҳти раёсати сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов доир ба татбиқ гардидани нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
День 19 июля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Рӯзи оғози 22-юмин Бозиҳои олимпӣ дар Маскав: 19 июл дар таърих
Соли 2011 Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро, ки Маҷлиси намояндагон қабул карда буд, ҷонибдорӣ намуд.
Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуд.
Соли 2017 Тоҷикистон дар бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 июл

Дар Белгия- Рӯзи миллӣ.
Дар Гуам- Рӯзи озодӣ.

Рӯзи 21 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Гулмуродзода Пайванд (1956- 2013) – доктори илми филологӣ.
Виктор Ефимов (1934 – 1995) – доктори илми филологӣ, профессор.
Идибек Зиёев (1955) – доктори илми фалсафа.
Юсуф Исҳоқӣ (1932 – 1996) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.
Машраб Қаландаров (1956)- сароянда.
Владимир Мелкумов (1926- 1987) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.
Сиёвуш (Муҳаммадалии Ҷалил) (1963) – шоир.
Анвар Тўраев (1934) – коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0