https://sputnik.tj/20210723/qandahon-sokin-mahalli-kushta-tolibon-1041118707.html
Дар Қандаҳор 100 сокини маҳаллӣ кушта шуд: Толибон мегӯянд, ин кори дасти онҳо нест
Дар Қандаҳор 100 сокини маҳаллӣ кушта шуд: Толибон мегӯянд, ин кори дасти онҳо нест
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Толибон* ин амали даҳшатборро бо амри хоҷагони худ аз Покистон анҷом доданд
2021-07-23T13:02+0500
2021-07-23T13:02+0500
2021-07-23T13:02+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211396_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0afb9109e765320ac630c4ee5496f338.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Гурӯҳи силоҳбадастони номаълум дар ноҳияи Спин - Болдаки музофоти Қандаҳор беш аз 100 сокини маҳаллиро ба қатл расонданд, хабар медиҳад Tolo News.Ба иттилои манбаъ, кушта шудани сокинони маҳаллӣ пас аз он сар зад, ки ин минтақаро Толибон* забт карданд.Ҳукумати Афғонистон ин ҳамлаи даҳшатборро кори дасти Толибон* медонад ва мегӯяд, қатли сокинони осоишта бо амри хоҷагони онҳо аз Покистон сурат гирифт.Аммо Толибон* даст доштани худро дар ин амали зишт қатъиян рад мекунанд.Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.Ноамнӣ дар Афғонистон дар паси ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз хоки Афғонистон то 11 сентябр, афзоиш меёбад.Соли 2020 Вашингтон ва Толибон* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210722/tolibon-vaziyat-marz-tojikiston-sharh-1041104007.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032211396_233:0:2964:2048_1920x0_80_0_0_ac97d52e0badb77fbf4283024d41e140.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон сокинони маҳаллӣ кушта
афғонистон сокинони маҳаллӣ кушта
Дар Қандаҳор 100 сокини маҳаллӣ кушта шуд: Толибон мегӯянд, ин кори дасти онҳо нест
Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Толибон* ин амали даҳшатборро бо амри хоҷагони худ аз Покистон анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Гурӯҳи силоҳбадастони номаълум дар ноҳияи Спин - Болдаки музофоти Қандаҳор беш аз 100 сокини маҳаллиро ба қатл расонданд, хабар медиҳад Tolo News.
Ба иттилои манбаъ, кушта шудани сокинони маҳаллӣ пас аз он сар зад, ки ин минтақаро Толибон* забт карданд.
Ҳукумати Афғонистон ин ҳамлаи даҳшатборро кори дасти Толибон* медонад ва мегӯяд, қатли сокинони осоишта бо амри хоҷагони онҳо аз Покистон сурат гирифт.
"Террористҳои қотил бо амри хоҷагони худ аз Панҷоб (Покистон) ба манзили сокинони осоишта дар Спин - Болдак ҳуҷум намуда, хонаҳои онҳоро валангору соҳибонро ваҳшиёна ба қатл расонданд", - изҳор доштааст намояндаи Вазорати умури дохилаи Афғонистон Мирвайс Станекзай.
Аммо Толибон* даст доштани худро дар ин амали зишт қатъиян рад мекунанд.
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.
Ноамнӣ дар Афғонистон дар паси ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз хоки Афғонистон то 11 сентябр, афзоиш меёбад.
Соли 2020 Вашингтон ва Толибон* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия