https://sputnik.tj/20210722/tolibon-vaziyat-marz-tojikiston-sharh-1041104007.html
Аз Бадахшон то Тахору Қундуз: Толибон* вазъият дар марзи Тоҷикистонро шарҳ доданд
Аз Бадахшон то Тахору Қундуз: Толибон* вазъият дар марзи Тоҷикистонро шарҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Толибон* мегӯяд, феълан назорати марз бо Тоҷикистонро пурра ба дасти худ гирифтаанд
2021-07-22T17:59+0500
2021-07-22T17:59+0500
2021-07-22T17:59+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040417470_21:0:640:348_1920x0_80_0_0_0d4632b93f30dde85106e183f7660c69.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Намояндаи расмии Ҷунбиши ҳаракати Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба РИА Новости бобати вазъият дар марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон суҳбат анҷом дод.Ба гуфтаи Муҷоҳид, феълан назорати марз дар Туркманистону Эрон куллан ба дасти Толибон* Гузаштааст.Зимнан, мусоҳиби РИА Новости илова намудааст, ки дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон Ба ҷуз аз Ҳайратону Калдор, ки ҳоло назорати онро Кобул дар даст дорад, дигар ҳама зери назорати Толибон* аст.Бояд гуфт, ки қаблан ҳам Толибон* аз забти ҳудуди 80 дарсади қаламрави Афғонистон хабар дода буданд, вале ҳукумати Кобул исрор меварзад, ки додаҳои Толибон* ба воқеият рост намеоянд ва онҳо танҳо қисмати ками хоки ин сарзаминро зери назорати худ қарор додаанду халос.Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.Ноамнӣ дар Афғонистон дар паси ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз хоки Афғонистон то 11 сентябр, афзоиш меёбад. Соли 2020 Вашингтон ва Толибон* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210722/diish-afghoniston-jangjuyonash-chin-om-faol-1041102160.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Талибы захватили мост Шерхан Бандар и Нижный Пяндж
Sputnik Тоҷикистон
Видео представлено Sputnik афганским журналистом Марданом Муради.
Талибы захватили мост Шерхан Бандар и Нижный Пяндж, этот мост соединяет Таджикистан и Афганистан
2021-07-22T17:59+0500
true
PT0M15S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040417470_176:0:640:348_1920x0_80_0_0_608cd9c301342246bdd03b3971ac4112.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон* афғонистон вазъият
толибон* афғонистон вазъият
Аз Бадахшон то Тахору Қундуз: Толибон* вазъият дар марзи Тоҷикистонро шарҳ доданд
Сухангӯи Толибон* мегӯяд, феълан назорати марз бо Тоҷикистонро пурра ба дасти худ гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Намояндаи расмии Ҷунбиши ҳаракати Толибон* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба
РИА Новости бобати вазъият дар марзи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон суҳбат анҷом дод.
Ба гуфтаи Муҷоҳид, феълан назорати марз дар Туркманистону Эрон куллан ба дасти Толибон* Гузаштааст.
"Марзи Тоҷикистон, аниқтараш аз Бадахшон то Тахору Қундуз пурра ба тобеияти мо гузаштааст", - изҳор доштааст сухангӯи ин гурӯҳ.
Зимнан, мусоҳиби РИА Новости илова намудааст, ки дар марзи Афғонистону Ӯзбекистон Ба ҷуз аз Ҳайратону Калдор, ки ҳоло назорати онро Кобул дар даст дорад, дигар ҳама зери назорати Толибон* аст.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам Толибон* аз забти ҳудуди 80 дарсади қаламрави Афғонистон хабар дода буданд, вале ҳукумати Кобул исрор меварзад, ки додаҳои Толибон* ба воқеият рост намеоянд ва онҳо танҳо қисмати ками хоки ин сарзаминро зери назорати худ қарор додаанду халос.
Дар Афғонистон байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон*, ки қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, бар зидди шаҳрҳои калон ҳуҷум кардаанд, муқовимат идома дорад.
Ноамнӣ дар Афғонистон дар паси ваъдаҳои маъмурияти ИМА дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз хоки Афғонистон то 11 сентябр, афзоиш меёбад.
Соли 2020 Вашингтон ва Толибон* дар Доҳа аввалин созишномаи сулҳро дар тӯли беш аз 18 соли ҷанг имзо карданд. Он хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар 14 моҳ ва оғози муколамаи байни афғонҳоро пас аз табодули маҳбусон пешбинӣ мекунад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия