Оё дар тарбияи фарзанд истифодаи зӯри бозу дуруст аст? посухи мутахассисон

CC0 / Charlein Gracia / unsplash / Маленькие девочки сидят на траве
Маленькие девочки сидят на траве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Олимон даҳҳо таҳқиқот баргузор кардаанд, то бифаҳманд, ки чунин шакли тарбия ба хислат ва рафтори кӯдак чӣ таъсире мерасонад
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Олимони амрикоӣ муайян карданд, ки истифодаи ҷазои ҷисмонӣ, рафтори кӯдакро бадтар мекунад, менависад маҷаллаи Lancet.
Коршиносон беш аз 70 таҳқиқотро омӯхта ба хулоса омаданд, ки истифодаи ҷазои ҷисмонӣ дар рафтори кӯдакон мушкилоти бештарро ба вуҷуд меорад.
В детском саду колхоза Социализм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
СҶБ сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Рафтори кӯдак дар мактаб нисбати ҳамсолонаш шадидтар мешавад ва ӯ майл ба таҷовуз мекунад.
Додом назад, нағзаш мебинам: хабаргирии кӯдаконе, ки падараш онҳоро кӯфт-видео
Бархе аз таҳқиқот нишон доданд, ки истифодаи зӯри бозу дар кӯдак нишонаҳои норозигӣ ва мухолифатро тақвият дода, боиси бештар хашмгин шудану вориди баҳсҳои беасос гардидан, иғвоангезӣ ва бадрафторӣ мешавад.
Дар ин росто, олмон ба падару модар тавсия медиҳанд, ки ба зӯри бозу, ҷазои сабуктар ба намуди маҳрум кардани кӯдак аз бозичаҳо ва ғайра рӯ биёранд.
Лентаи хабарҳо
0