https://sputnik.tj/20210723/qaror-hukumat-nom-alifbo-tojiki-1041117743.html
Қарори Ҳукумат: номи бархе ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иваз шуд
Қарори Ҳукумат: номи бархе ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иваз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро тасдиқ кардааст, ки дар он бархе тағйирот, аз ҷумла номи қисме аз ҳарфҳо иваз карда шуданд
2021-07-23T12:49+0500
2021-07-23T12:49+0500
2021-07-27T15:33+0500
дар тоҷикистон
маориф
таълим
забон
тоҷикӣ
алифбо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040362113_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_de2d6be74360977304e72044e31f7c98.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ахиран аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуданд, ки баробари тағйироти дигар, номҳои нави ҳарфҳоро фаро мегиранд. Масъулини Кумитаи забони Тоҷикистон мегӯянд, ҳарфҳо ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ шудаанд. Бар асоси қоидаҳои нави тасдиқкардаи Ҳукумат, ҳарфи Л минбаъд на эл балки ле ном дорад.Номи ҳарфҳои М аз эм ба ме, Н аз эн ба не, Р аз эр ба ре, С аз эс ба се ва Ф аз эф ба фе иваз гардидаст.Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи у – и дароз танҳо ӯ ва и – и дароз танҳо ӣ омадааст. Ҳарфи Х низ аз ха ба хе ва Ш аз ша ба ше тағйири ном кардааст.Ҳамин тариқ алифбои забони тоҷикӣ, ки 35 ҳарф дорад, ба тартиби зер мебошад:Аа – а, Бб – бе, Вв – ве, Гг – ге, Ғғ –ғе, Дд – де, Ее – йе, Ёё – йо, Жж – жэ, Зз - зе, Ии – и, Ӣӣ – ӣ, Йй – йот, Кк – ка, Ққ – қе, Лл – ле, Мм – ме, Нн – не, Оо – о, Пп – пе, Рр – ре, Сс – се, Тт – те, Уу – у, Ӯӯ – ӯ, Фф – фе, Хх – хе, Ҳҳ – ҳе, Чч – че, Ҷҷ – ҷе, Шш – ше, Ъъ – сакта, Ээ – э, Юю – йу, Яя – йа.Қаблан раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот тағйири номи ҳарфҳоро бозгашт ба асолати тоҷикӣ хонда, тавзеҳ дод, ки хусусиятҳои фонетикӣ, садонокҳо, ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд. Дар маҷмуъ ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот ворид гардидаанд, ки тафсилоти он ироаи омма хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210723/muhtaram-raisa-muallima-nodurustand-qoidahoi-imlo-1041121249.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040362113_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_fd19276dde34b7ad3e58df157cfc92a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарори ҳукумат, забони тоҷикӣ, имло, забон, аломатҳои китобат
қарори ҳукумат, забони тоҷикӣ, имло, забон, аломатҳои китобат
Қарори Ҳукумат: номи бархе ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ иваз шуд
12:49 23.07.2021 (Навсозишуда: 15:33 27.07.2021) Ҳукумати Тоҷикистон Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикиро тасдиқ кардааст, ки дар он, аз ҷумла номи қисме аз ҳарфҳо иваз шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Қоидаҳои нави имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ахиран аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуданд, ки баробари тағйироти дигар, номҳои нави ҳарфҳоро фаро мегиранд. Масъулини Кумитаи забони Тоҷикистон мегӯянд, ҳарфҳо ба шеваи тоҷикӣ номгузорӣ шудаанд.
Бар асоси қоидаҳои нави тасдиқкардаи Ҳукумат, ҳарфи Л минбаъд на эл балки ле ном дорад.
Номи ҳарфҳои М аз эм ба ме, Н аз эн ба не, Р аз эр ба ре, С аз эс ба се ва Ф аз эф ба фе иваз гардидаст.
Дар қоидаҳои нав ба ҷои номи у – и дароз танҳо ӯ ва и – и дароз танҳо ӣ омадааст. Ҳарфи Х низ аз ха ба хе ва Ш аз ша ба ше тағйири ном кардааст.
Ҳамин тариқ алифбои забони тоҷикӣ, ки 35 ҳарф дорад, ба тартиби зер мебошад:
Аа – а, Бб – бе, Вв – ве, Гг – ге, Ғғ –ғе, Дд – де, Ее – йе, Ёё – йо, Жж – жэ, Зз - зе, Ии – и, Ӣӣ – ӣ, Йй – йот, Кк – ка, Ққ – қе, Лл – ле, Мм – ме, Нн – не, Оо – о, Пп – пе, Рр – ре, Сс – се, Тт – те, Уу – у, Ӯӯ – ӯ, Фф – фе, Хх – хе, Ҳҳ – ҳе, Чч – че, Ҷҷ – ҷе, Шш – ше, Ъъ – сакта, Ээ – э, Юю – йу, Яя – йа.
Қаблан раёсати Кумитаи забон ва истилоҳот тағйири номи ҳарфҳоро бозгашт ба асолати тоҷикӣ хонда, тавзеҳ дод, ки хусусиятҳои фонетикӣ, садонокҳо, ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд. Дар маҷмуъ ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ беш аз 100 тағйирот ворид гардидаанд, ки тафсилоти он ироаи омма хоҳад шуд.