https://sputnik.tj/20210723/besh-hazor-tojikistoni-hatarnokand-khf-1041134123.html
Беш аз 750 ҳазор тоҷикистонӣ дар хатаранд: КҲФ ҷойҳоро гуфт
Беш аз 750 ҳазор тоҷикистонӣ дар хатаранд: КҲФ ҷойҳоро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ беш аз 1405 минтақа мавҷуд аст, ки одамон он ҷо иқомат мекунанд
2021-07-23T19:00+0500
2021-07-23T19:00+0500
2021-07-23T19:32+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
сокинон
хавф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039393971_81:0:1181:619_1920x0_80_0_0_4bde22279a418c68e3cfa2f952706f26.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар 1405 минтақаи хатарноки Тоҷикистон беш аз 750 ҳазор нафар иқомат доранд, хабар дод КҲФ.Ба иттилои манбаъ, мақомоти Тоҷикистон вобаста ба имконот сокинонро аз маҳалли хатарнок ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд. Мақомот инчунин мушкили асосӣ дар ин самтро ном бурданд. Мақомдорони соҳа мегӯянд, дар вилояти Хатлон теъдоди ҷойҳои хавфнок 379 ададро ташкил медиҳад. Дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 308 мавзеи хатарнок ҷойгир мебошад.Дар навоҳии минтақаи Рашт 183 ва дар навоҳии водии Ҳисор 236 ҷойи хавфноки иқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд.Таъкид шуд, ки Комиссияи байниидоравии ҳукуматӣ фаъолият барои кӯчондани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфдорро идома дода истодааст.КҲФ афзуд, аз моҳи январ то июли соли равон 299 ҳолати рух додани офати табиӣ ба қайд гирифта шуд. Мақомот мегӯянд, барои бартарафсозии оқибатҳои охири табиӣ ҳудуди 9,7 миллион доларро сарф намудаанд.
https://sputnik.tj/20210723/hisoroti-tojikiston-ofathoi-tabii-1041132093.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0c/1039393971_218:0:1043:619_1920x0_80_0_0_ce41e34accb51bb2e043fc330c3b37a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, хатарнок, ҷойҳо
Беш аз 750 ҳазор тоҷикистонӣ дар хатаранд: КҲФ ҷойҳоро гуфт
19:00 23.07.2021 (Навсозишуда: 19:32 23.07.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ 1405 минтақаи хавфнок мавҷуд аст, ки одамон он ҷо иқомат мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар 1405 минтақаи хатарноки Тоҷикистон беш аз 750 ҳазор нафар иқомат доранд, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти Тоҷикистон вобаста ба имконот сокинонро аз маҳалли хатарнок ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд. Мақомот инчунин мушкили асосӣ дар ин самтро ном бурданд.
“Сарфи назар аз ҳушдорҳо сокинон дар минтақаҳои хавфнок хонасозиро идома дода истодаанд”, - таъкид намуданд масъулини Кумита.
Мақомдорони соҳа мегӯянд, дар вилояти Хатлон теъдоди ҷойҳои хавфнок 379 ададро ташкил медиҳад. Дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 308 мавзеи хатарнок ҷойгир мебошад.
Дар навоҳии минтақаи Рашт 183 ва дар навоҳии водии Ҳисор 236 ҷойи хавфноки иқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Таъкид шуд, ки Комиссияи байниидоравии ҳукуматӣ фаъолият барои кӯчондани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфдорро идома дода истодааст.
КҲФ афзуд, аз моҳи январ то июли соли равон 299 ҳолати рух додани офати табиӣ ба қайд гирифта шуд. Мақомот мегӯянд, барои бартарафсозии оқибатҳои охири табиӣ ҳудуди 9,7 миллион доларро сарф намудаанд.