https://sputnik.tj/20210722/vokunish-rusiya-mashqhoi-nizomi-tojikiston-1041109333.html
Вазорати корҳои хориҷии Русия машқҳои низомии Русия дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Вазорати корҳои хориҷии Русия машқҳои низомии Русия дар Тоҷикистонро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кабулов дар бораи машқҳои низомии минбаъдаи Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори назар кард 22.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-22T19:52+0500
2021-07-22T19:52+0500
2021-07-22T20:13+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040880731_0:88:3064:1812_1920x0_80_0_0_b5007e0b867f98a25812182e676a2b29.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Машқҳои низоми Русия дар Тоҷикистон сигналест ба шарикони Осиёи Марказӣ дар пасманзари ташаннуҷ дар Афғонистон, гуфт Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо расонаҳои кишвар. "Вазъи Афғонистон, муваффақиятҳои Толибон мардуми Осиёи Марказиро нигарон кардааст. Онҳо рӯйдодҳоро хело ба худ наздик қабул мекунанд ва ба чунин ҷузъиётҳое аҳамият намедиҳанд, ки толибон ба муноқишаҳои дохилии худ машғуланд. Бале, онҳо қаламравҳои таҳти назорати ҳукуматро ба дасти худ мегиранд. Фақат ҳамин. Онҳо марзро убур карданӣ ҳам нестанд ва барои убури он коре ҳам накардаанд", - гуфтааст Кабулов.Дипломат афзуд, ки чунин тамринҳои низомӣ барои артиш муфиданд. "Аз тарафи дигар, он ба аҳолии Осиёи Марказӣ сигналҳо мефиристад, ки ҳамааш хуб аст, мо ҳарбӣ ва нерӯ дорем. Бале, шояд лаҳзаҳои ташвишовар вуҷуд дошта бошанд, аммо барои ин мо нерӯҳои муштараки мусаллаҳ дорем, ки ин масъаларо ҳал хоҳанд кард, "- таъкид кард Кабулов.Моҳи июн дар Афғонистон задухӯрдҳо байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва радикали Толибон (дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ) оғоз ёфт. Ҷангиён дар паси хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ бо нерӯи нав шиддат гирифтанд.Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо, бино ба иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тоаш зери назорати Толибон қарор гирифтаанд.Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
https://sputnik.tj/20210722/putin-ba-rahmon-zang-zad-1041104817.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040880731_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_dad0cd6f2059fbb1a53e14452f691d7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , амният ва мудофиа, афғонистон, дар русия
дар тоҷикистон, сиёсат , амният ва мудофиа, афғонистон, дар русия
Вазорати корҳои хориҷии Русия машқҳои низомии Русия дар Тоҷикистонро шарҳ дод
19:52 22.07.2021 (Навсозишуда: 20:13 22.07.2021) Намояндаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кабулов дар бораи машқҳои низомии минбаъдаи Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Машқҳои низоми Русия дар Тоҷикистон сигналест ба шарикони Осиёи Марказӣ дар пасманзари ташаннуҷ дар Афғонистон, гуфт Замир Кабулов, фиристодаи вижаи президенти Русия, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе дар мусоҳиба бо расонаҳои кишвар.
"Вазъи Афғонистон, муваффақиятҳои Толибон мардуми Осиёи Марказиро нигарон кардааст. Онҳо рӯйдодҳоро хело ба худ наздик қабул мекунанд ва ба чунин ҷузъиётҳое аҳамият намедиҳанд, ки толибон ба муноқишаҳои дохилии худ машғуланд. Бале, онҳо қаламравҳои таҳти назорати ҳукуматро ба дасти худ мегиранд. Фақат ҳамин. Онҳо марзро убур карданӣ ҳам нестанд ва барои убури он коре ҳам накардаанд", - гуфтааст Кабулов.
Дипломат афзуд, ки чунин тамринҳои низомӣ барои артиш муфиданд.
"Аз тарафи дигар, он ба аҳолии Осиёи Марказӣ сигналҳо мефиристад, ки ҳамааш хуб аст, мо ҳарбӣ ва нерӯ дорем. Бале, шояд лаҳзаҳои ташвишовар вуҷуд дошта бошанд, аммо барои ин мо нерӯҳои муштараки мусаллаҳ дорем, ки ин масъаларо ҳал хоҳанд кард, "- таъкид кард Кабулов.
Моҳи июн дар Афғонистон задухӯрдҳо байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва радикали Толибон (дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ) оғоз ёфт. Ҷангиён дар паси хуруҷи нерӯҳои Амрико аз ҷумҳурӣ бо нерӯи нав шиддат гирифтанд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ки ҳамлаи ҷангиёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо, бино ба иттилои расмӣ, аз 398 вулусволӣ беш аз 200 тоаш зери назорати Толибон қарор гирифтаанд.
Хусусан бархӯрдҳои шадид дар марзҳо бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.