https://sputnik.tj/20210722/putin-ba-rahmon-zang-zad-1041104817.html
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон занг зад: чиро баррасӣ карданд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон занг зад: чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони давлатҳо масъалаҳои амнияти минтақаро баррасӣ карданд
2021-07-22T18:18+0500
2021-07-22T18:18+0500
2021-07-22T19:12+0500
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
амният ва мудофиа
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_0:95:2905:1729_1920x0_80_0_0_51365c964b9465f6ae46b8b385c749c0.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.Бино ба гузориш, раҳбарон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Президентҳо ҳамчунин ба масъалаи омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СҲШ ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки тирамоҳ дар Душанбе баргузор мешаванд, дахл карданд.Қайд мешавад, ки музокирот бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хосса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд.Ҳамчунин, сарони ҳарду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намудаанд. Зимни суҳбати телефонӣ инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шудааст. "Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат кардаанд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар хабарнома.
https://sputnik.tj/20210707/putin-rahmon-mirziyoev-tamos-1040701286.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/65/1029596571_203:0:2743:1905_1920x0_80_0_0_864072cca4345497f9a7b08661665e57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, эмомалӣ раҳмон
владимир путин, эмомалӣ раҳмон
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон занг зад: чиро баррасӣ карданд
18:18 22.07.2021 (Навсозишуда: 19:12 22.07.2021) Сарони давлатҳо масъалаи амнияти минтақаро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Бино ба гузориш, раҳбарон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.
Президентҳо ҳамчунин ба масъалаи омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СҲШ ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки тирамоҳ дар Душанбе баргузор мешаванд, дахл карданд.
Қайд мешавад, ки музокирот бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хосса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ҷараёни омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи президенти Русия Владимир Путинро ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамчунин, сарони ҳарду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намудаанд.
Зимни суҳбати телефонӣ инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шудааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат кардаанд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд", - омадааст дар хабарнома.