https://sputnik.tj/20210712/istehsol-barq-tojikiston-kam-sodirot-ziyod-1040834961.html
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон каму содироташ зиёд шудааст
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон каму содироташ зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 170 миллион квт соат коҳиш ёфтааст
2021-07-12T17:03+0500
2021-07-12T17:03+0500
2021-07-12T17:06+0500
дар тоҷикистон
барқ
вазорати энергетика ва захираҳои об
содирот
ҳаҷми истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_0:158:3081:1891_1920x0_80_0_0_23fb7fb2ff8b29e8eae97d24b20f8230.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 миллиарду 73,1 миллион киловатт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш дар ин бора хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 170,1 миллион киловатт/соат бештар нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Сабаби коҳиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ, ба гуфтаи вазир, коҳиши воридшавии об ба дарёҳост, ки дар қисматҳои он нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҷойгиранд. Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар давраи ҳисоботӣ 917,1 миллион киловатт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2020 4,5 миллион киловатт/соат зиёд аст.Ҷумъазода гуфт, содироити нерӯи барқ дар кишвар асосан аз оғози моҳи май сар шуда, харидлорони асосӣ Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд.Номбурда гуфт, сатҳи об дар моҳҳои май июн имкон дод, ки содиротро зиёд кунанд.
https://sputnik.tj/20210712/dar-tojikiston-arzishi-barq-garon-meshavad-1040831809.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/62/1028966202_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_92de170f045f387853086960ae4b1d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истеҳсол, барқ, тоҷикистон, содирот
истеҳсол, барқ, тоҷикистон, содирот
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон каму содироташ зиёд шудааст
17:03 12.07.2021 (Навсозишуда: 17:06 12.07.2021) Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 170 миллион квт соат коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 миллиарду 73,1 миллион киловатт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш дар ин бора хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 170,1 миллион киловатт/соат бештар нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Сабаби коҳиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ, ба гуфтаи вазир, коҳиши воридшавии об ба дарёҳост, ки дар қисматҳои он нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҷойгиранд.
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар давраи ҳисоботӣ 917,1 миллион киловатт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2020 4,5 миллион киловатт/соат зиёд аст.
Ҷумъазода гуфт, содироити нерӯи барқ дар кишвар асосан аз оғози моҳи май сар шуда, харидлорони асосӣ Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд.
Номбурда гуфт, сатҳи об дар моҳҳои май июн имкон дод, ки содиротро зиёд кунанд.