https://sputnik.tj/20210722/rustam-rahmon-omodagi-jangi-hisobot-1041091749.html
Генерал Рустам ба Раҳмон аз омодагии ҷангӣ ҳисобот доду ба Президент саломатӣ хост - навор
Генерал Рустам ба Раҳмон аз омодагии ҷангӣ ҳисобот доду ба Президент саломатӣ хост - навор
Sputnik Тоҷикистон
Генерал - лейтинант Рустами Эмомалӣ аз омодагии ҷанги минтақаи мудофиаи ҳудуди шаҳри Душанбе ҳисобот дод
2021-07-22T12:56+0500
2021-07-22T12:56+0500
2021-07-22T12:59+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466456_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_7db459c5e972802d945b415277358710.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Вазорати мудофиа Шералӣ Мирзо омодагии ҷангии артиш санҷида мешавад.Ин санҷиш ахиран бо фармони Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Тоҷикистон пиёда гардид.Ба ҳамин минвол, дар қатори дигар намояндагон, Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе ва ҳамзамон генерал-лейтинант ба Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ аз омодагии ҷангӣ дар шаҳри Душанбе ҳисобот дод.Дар ҳисоботи ироакардаи Рустами Эмомалӣ қайд гардид, ки қувва ва воситаҳои минтақаи ҳудудии шаҳри Душанбе дар шумораи 10 125 нафар ва захираҳои сафарбаркунӣ 1 280 нафар ба ҳолати ҷангӣ гузаронида шуданд.Генерал-лейтинант афзуд, ки қувваи ҷамъшуда барои иҷрои вазифаҳоии вогузоршуда комилан омода ҳастанд.Пас аз анҷоми ҳисобот Рустами Эмомалӣ ба Президент таманнои саломатӣ кард.Ёдовар мешавем, ки соати чори субҳ бо сигнали бонги хатар 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ омода шуданд.Пас аз он, Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе омад, ва вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии қисмҳо ба гузашти низомӣ гузориш дод.Баъди занги Раҳмон соати чори субҳ: артиши Тоҷикистон ба ҳолати ҷангӣ гузашт- видеоДар бораи сафарбар кардани беш аз 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ хабар дода мешавад.
https://sputnik.tj/20210722/tojikiston-marz-afghoniston-sarboz-firistod-1041090695.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/10/1032466456_50:0:1119:802_1920x0_80_0_0_a96860f44e17cc735df674d34f496b36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон рустами эмомалӣ ҳисобот омодагии ҷангӣ
эмомалӣ раҳмон рустами эмомалӣ ҳисобот омодагии ҷангӣ
Генерал Рустам ба Раҳмон аз омодагии ҷангӣ ҳисобот доду ба Президент саломатӣ хост - навор
12:56 22.07.2021 (Навсозишуда: 12:59 22.07.2021) Генерал - лейтинант Рустами Эмомалӣ аз омодагии ҷангии минтақаи мудофиаи ҳудуди шаҳри Душанбе ҳисобот дод
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон таҳти назорати Эмомалӣ Раҳмон ва сардори Вазорати мудофиа Шералӣ Мирзо омодагии ҷангии артиш санҷида мешавад.
Ин санҷиш ахиран бо фармони Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Тоҷикистон пиёда гардид.
Ба ҳамин минвол, дар қатори дигар намояндагон, Рустами Эмомалӣ, мири шаҳри Душанбе ва ҳамзамон генерал-лейтинант ба Фармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ аз омодагии ҷангӣ дар шаҳри Душанбе
ҳисобот дод.
Дар ҳисоботи ироакардаи Рустами Эмомалӣ қайд гардид, ки қувва ва воситаҳои минтақаи ҳудудии шаҳри Душанбе дар шумораи 10 125 нафар ва захираҳои сафарбаркунӣ 1 280 нафар ба ҳолати ҷангӣ гузаронида шуданд.
Генерал-лейтинант афзуд, ки қувваи ҷамъшуда барои иҷрои вазифаҳоии вогузоршуда комилан омода ҳастанд.
Пас аз анҷоми ҳисобот Рустами Эмомалӣ ба Президент таманнои саломатӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки соати чори субҳ бо сигнали бонги хатар 100 ҳазор афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва 130 ҳазор афсарону сарбозони захираи сафарбаркунӣ омода шуданд.
Пас аз он, Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ дар Душанбе омад, ва вазири дифоъи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар бораи омодагии қисмҳо ба гузашти низомӣ гузориш дод.
Дар бораи сафарбар кардани беш аз 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ хабар дода мешавад.