https://sputnik.tj/20210722/tojikiston-marz-afghoniston-sarboz-firistod-1041090695.html
Тоҷикистон ба марзи Афғонистон 20 ҳазор низомӣ фиристод
Тоҷикистон ба марзи Афғонистон 20 ҳазор низомӣ фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Дар иртибот бо вазъи ноороми минтақа, 20 ҳазор низомии изофӣ ба марз бо Афғонистон фиристода шуданд
2021-07-22T12:36+0500
2021-07-22T12:36+0500
2021-07-22T13:22+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
марз
масъалаи марзи тоҷикистону афғонистон
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041093279_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_3fd00b09f16b99a90e4ba57eded5f0d1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Нерӯҳои иловагии низомӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон фиристода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.Ин дар доираи таҳкими хатти марзҳои Тоҷикистон дар пасманзари муноқиша дар давлати ҳамсоя анҷом дода шуд.Ғайр аз ин, бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президент Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷангии тамоми ҷузъу томҳои артишро санҷид. Субҳи барвақти 22 июл 230 ҳазор нафар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.Президент зимни суханронӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ қайд кард, ки чунин омодагӣ бинобар вазъи ноустувори минтақа зарур аст.Президент гуфт, вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст."Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем",- гуфт президент.
https://sputnik.tj/20210722/rahmon-mushkil-afghoniston-roh-nizomi-hal-nameshavad-1041086009.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041093279_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_abc7ab4398e939818f9165bb0abdc9fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, марз, афғонистон, низомӣ,
тоҷикистон, марз, афғонистон, низомӣ,
Тоҷикистон ба марзи Афғонистон 20 ҳазор низомӣ фиристод
12:36 22.07.2021 (Навсозишуда: 13:22 22.07.2021) Дар иртибот бо вазъи ноороми минтақа, 20 ҳазор низомии изофӣ ба марз бо Афғонистон фиристода шуданд
ДУШАНБЕ, 22 июл - Sputnik. Нерӯҳои иловагии низомӣ ба марзи Тоҷикистону Афғонистон фиристода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
"Бист ҳазор афсару сарбози захираҳои сафарбарӣ ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд", - омадааст дар паём.
Ин дар доираи таҳкими хатти марзҳои Тоҷикистон дар пасманзари муноқиша дар давлати ҳамсоя анҷом дода шуд.
Ғайр аз ин, бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Президент Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷангии тамоми ҷузъу томҳои артишро санҷид.
Субҳи барвақти 22 июл 230 ҳазор нафар бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Президент зимни суханронӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ қайд кард, ки чунин омодагӣ бинобар вазъи ноустувори минтақа зарур аст.
Президент гуфт, вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз мураккаб гардида истодааст.
"Мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем",- гуфт президент.