https://sputnik.tj/20210721/sugd-mahq-neru-khatar-sanjish-1041061268.html
Санҷиши нерӯҳои низомию эҳтиётӣ дар Суғд: омодагӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ - акс
Санҷиши нерӯҳои низомию эҳтиётӣ дар Суғд: омодагӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ - акс
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 дар машқи низомиён дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуд.
2021-07-21T17:18+0500
2021-07-21T17:18+0500
2021-07-21T19:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
суғд
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041047234_0:34:640:394_1920x0_80_0_0_a21cb0b334a705ef740948a133cdb3a2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ҳукумати Суғд мегӯяд, машқҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, бар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуданд. Манбаъ афзуд, ки ҳадафи ин тамринҳо санҷиши омодабошии ҷангӣ, мудофиаи ҳудудӣ ва сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ мебошад.Такмили ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ аз ҳадафҳои дигари машқҳои мазкур арзёбӣ шуданд.Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, қодиранд, манфиатҳои давлатро ҳимоя кунанд.Раҷаббой Аҳмадзода изҳор доштааст, ки беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ ва мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад.“Таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд”, - таъкид кардааст Аҳмадзода.
https://sputnik.tj/20210721/raisi-kumitai-zamin-qirghiziston-mubodila-zamin-1041051884.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041047234_36:0:605:427_1920x0_80_0_0_2c404d9b679faba54b4cd5be0a36fff7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода, раҷаббой, раиси вилояти суғд, минтақа, қаламрав
аҳмадзода, раҷаббой, раиси вилояти суғд, минтақа, қаламрав
Санҷиши нерӯҳои низомию эҳтиётӣ дар Суғд: омодагӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ - акс
17:18 21.07.2021 (Навсозишуда: 19:00 21.07.2021) Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 дар машқи низомиён ва нерӯҳои эҳтиётӣ иштирок карда, изҳор дошт, ки қувваҳои мусаллаҳи кишвар қодиранд манофеи давлатро ҳифз намоянд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ҳукумати Суғд мегӯяд, машқҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, бар асоси нақшаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуданд.
Манбаъ афзуд, ки ҳадафи ин тамринҳо санҷиши омодабошии ҷангӣ, мудофиаи ҳудудӣ ва сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсӣ мебошад.
Такмили ҳамоҳангии сохторҳои низомии вилоят дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ аз ҳадафҳои дигари машқҳои мазкур арзёбӣ шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон табдил ёфта, қодиранд, манфиатҳои давлатро ҳимоя кунанд.
Раҷаббой Аҳмадзода изҳор доштааст, ки беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ ва мунтазам гузаронидани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегардад.
“Таҳлили вазъи минтақа ва ҷаҳон, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд”, - таъкид кардааст Аҳмадзода.