https://sputnik.tj/20210721/raisi-kumitai-zamin-qirghiziston-mubodila-zamin-1041051884.html
Раиси Кумитаи замин: то ҳол бо Қирғизистон мубодилаи замин нашудааст
Раиси Кумитаи замин: то ҳол бо Қирғизистон мубодилаи замин нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, бо Қирғизистон то ҳол ягон мубодилаи замин сурат нагирифтааст
2021-07-21T14:30+0500
2021-07-21T14:30+0500
2021-07-21T14:30+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
сиёсат
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ориф Хоҷазода тафсилоти созиши нав дар мавриди 32 километр марз миёни Тоҷикистону Қирғизистонро нагуфт ва далел овард, ки чунин маълумотро бояд дар мувофиқа роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ ироа намоянд.Ӯ афзуд, ки дар асоси протоколи дуҷониба, ки моҳи майи соли равон имзо шуд, гуруҳҳои топографии дуҷониба дар Ош, Душанбе ва Бишкек мулоқот карда, корҳои муайянсозию аломатгузории марз идома доранд. Хоҷазода таъкид намуд, ки маълумоти дақиқро бояд роҳбари Комиссияи байниҳукуматӣ пешниҳод намояд.Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизистонияш, Содир Ҷабборов изҳор дошт, ки боз 32 километри дигари марз мувофиқа шуд. Аммо мақомдорон тафсилоти онро ироа накарданд.Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон соли 2001 ташкил ва як сол пас ба кор шуруъ карда, соли 2013 ҳудуди 520 км марзи ду кишварро муайян кард ва санаде ҳам аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Алмосбек Атамбоев ба имзо расид.Дар маҷмуъ Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак дорад, ки танҳо ҳудуди 520 километраш муайян шудааст. Номуайянӣ дар марз боис мешавад, ки миёни сокинони ду кишвар даргириҳо сурат мегиранд ва баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷомад.
https://sputnik.tj/20210717/imzo-protokol-marz-tojikiston-qirghiziston-bishkek-1040958837.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
замин, сохтмон, қирғизистон, тоҷикистон
замин, сохтмон, қирғизистон, тоҷикистон
Раиси Кумитаи замин: то ҳол бо Қирғизистон мубодилаи замин нашудааст
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, бо Қирғизистон то ҳол ягон мубодилаи замин сурат нагирифтааст
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ориф Хоҷазода тафсилоти созиши нав дар мавриди 32 километр марз миёни Тоҷикистону Қирғизистонро нагуфт ва далел овард, ки чунин маълумотро бояд дар мувофиқа роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ ироа намоянд.
Ӯ афзуд, ки дар асоси протоколи дуҷониба, ки моҳи майи соли равон имзо шуд, гуруҳҳои топографии дуҷониба дар Ош, Душанбе ва Бишкек мулоқот карда, корҳои муайянсозию аломатгузории марз идома доранд. Хоҷазода таъкид намуд, ки маълумоти дақиқро бояд роҳбари Комиссияи байниҳукуматӣ пешниҳод намояд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Душанбе дар пайи мулоқот бо ҳамтои қирғизистонияш, Содир Ҷабборов изҳор дошт, ки боз 32 километри дигари марз мувофиқа шуд. Аммо мақомдорон тафсилоти онро ироа накарданд.
Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон соли 2001 ташкил ва як сол пас ба кор шуруъ карда, соли 2013 ҳудуди 520 км марзи ду кишварро муайян кард ва санаде ҳам аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Алмосбек Атамбоев ба имзо расид.
Дар маҷмуъ Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак дорад, ки танҳо ҳудуди 520 километраш муайян шудааст. Номуайянӣ дар марз боис мешавад, ки миёни сокинони ду кишвар даргириҳо сурат мегиранд ва баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷомад.