Дар роҳи Ёвон-Душанбе мошин чаппа шуд: ронанда фавтиду се мусофир бистарӣ шуданд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Ду мусофире, ки дар ин садама ҷароҳатдор ва бистарии беморхона гардиданд, ба эҳтимоли зиёд хешу таборанд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар роҳи мошингари Ёвон - Душанбе садамаи маргбор рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва сеи дигар бистарии беморхона гардиданд.
Бар хабари дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садама нисфирӯзи 20 июл дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Султонобод иттифоқ афтод.
Гуфта мешавад, ронандаи 22 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингари Ёвон - Душанбе аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Бархӯрди маргбор: ҳалокати нолобиғ ва ҷароҳати ду наврас дар садама
Дар натиҷа, ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта аснои интиқол додан ба бемористон дар нимароҳ ҷон аз даст додааст.
Ҳамзамон, се мусофири дигар, ки яке сокини 20 - солаи деҳаи Чоргултеппа мебошад, дар бемористон бистарӣ шуд.
Ду мусофири дигар, ки ба эҳтимоли зиёд хешу табор ҳастанд ва сокинони 18 ва 11 - солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мебошанд, низ дар беморхона бистарӣ карда шуданд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0