https://sputnik.tj/20210717/imzo-protokol-marz-tojikiston-qirghiziston-bishkek-1040958837.html
Имзои протоколи нави марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек
Имзои протоколи нави марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раҳбарони ду кишвар дар бораи кори гурӯҳҳои топографӣ ба мувофиқа расида буданд
2021-07-17T13:29+0500
2021-07-17T13:29+0500
2021-07-17T13:41+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
муноқишаи марзӣ
вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/18/1039018550_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_1df8268468b8d7ec77e8403433b76d32.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек, мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шудҲамин тавр, аз 12то 17 май, дар шаҳри Бишкеки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, протоколи дахлдор имзо шудааст.Манбаъ афзуда, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.Ахири моҳи гузашта Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи марзро баррасӣ кард.Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷоми сафари ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар ҳузури рӯзноманигорон суҳбат мекард, гуфт, масъалаи таъйину аломатгузории марзи давлатӣ яке аз мавзӯҳои мулоқоти онҳо будааст ва ӯ дар ин боб ба ҳалли масъалаи марз аз роҳи созандагӣ ва эҳтироми манофеи ду кишвар тамаркуз хоҳад кард.Президенти Тоҷикистон дар бораи ин 32 км хатти марзии мувофиқашуда тафсилоти бештар надод, аммо махсус таъкид кард, ки раванди музокиротро кишварҳо ҳанӯз соли 2002 шурӯъ карда буданд.Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.
https://sputnik.tj/20210714/davlatzoda-marz-hisorot-rasida-munoqisha-1040890963.html
https://sputnik.tj/20210713/rahmon-medonand-hujum-kard-parvanda-nizomiyoni-qirghiz-1040858331.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/18/1039018550_217:0:938:541_1920x0_80_0_0_684b806c5ee98b6fd5d72eadba03fe83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзои протоколи нави марзии тоҷикистону қирғизистон дар бишкек
имзои протоколи нави марзии тоҷикистону қирғизистон дар бишкек
Имзои протоколи нави марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек
13:29 17.07.2021 (Навсозишуда: 13:41 17.07.2021) Қаблан Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раҳбарони ду кишвар дар бораи кори гурӯҳҳои топографӣ ба мувофиқа расида буданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек, мулоқоти гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд
Ҳамин тавр, аз 12то 17 май, дар шаҳри Бишкеки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, протоколи дахлдор имзо шудааст.
"Пас аз анҷоми ҷаласа, Протоколи дахлдор ба имзо расид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кунанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки мулоқот дар фазои дӯстона ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ахири моҳи гузашта Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошт, ки бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи марзро баррасӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷоми сафари ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар ҳузури рӯзноманигорон суҳбат мекард, гуфт, масъалаи таъйину аломатгузории марзи давлатӣ яке аз мавзӯҳои мулоқоти онҳо будааст ва ӯ дар ин боб ба ҳалли масъалаи марз аз роҳи созандагӣ ва эҳтироми манофеи ду кишвар тамаркуз хоҳад кард.
“Мо ҳамчунин масъалаи имзои шартномаеро ба баррасӣ гирифтем, ки дар гузашта сарашон тавофуқ сурат гирифта буд. Бино ба тарҳи ин созишнома, ҳудуди 520 километр хатти марзи давлатии ду кишвар имзо шудааст. Имрӯз боз 32 километри дигар мувофиқа шуданд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон дар бораи ин 32 км хатти марзии мувофиқашуда тафсилоти бештар надод, аммо махсус таъкид кард, ки раванди музокиротро кишварҳо ҳанӯз соли 2002 шурӯъ карда буданд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз дар бисёри ҳолатҳо бо муноқиша ва баъзан бо тирпаронию марги одамон меанҷомад.