https://sputnik.tj/20210721/jilavgiri-hudsari-istifoda-zamin-hukumat-1041084272.html
Ҷилавгирӣ аз худсариҳо дар истифодаи замин: Хоҷазода аз салоҳияти нави Ҳукумат гуфт
Ҷилавгирӣ аз худсариҳо дар истифодаи замин: Хоҷазода аз салоҳияти нави Ҳукумат гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз худсариҳо дар истифодаи замин Ҳукумат аз салоҳияти ҷадид дар мавриди замин бархӯрдор шуд
2021-07-21T21:40+0500
2021-07-21T21:40+0500
2021-07-21T21:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бекор кардан
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_0:154:3077:1885_1920x0_80_0_0_be225afc538751e7244e225bef93454c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ориф Хоҷазода зикр намуд, ки дар Тоҷикистон заминҳо барои таъйиноти ғайрикишоварзӣ танҳо бо қарори Ҳукумат ҷудо мегарданд. Ӯ тавзеҳ дод, бархе аз заминҳое, ки Ҳукумат медод, мувофиқи мақсад истифода намешуданд ва соҳиби замин ё мақомоти маҳаллӣ бо ҳадафҳои дигар кор мебурдаанд.Аз ҷумла мисол оварда шуд, ки Ҳукумат заминро барои бунёди корхона ҷудо менамудааст, аммо он бо ҳадафҳои дигар истифода мешудааст.Ба иттилои масъулини Кумита, бекор кардани қарорҳои Ҳукумат дар мавриди додани қитъа дар Кодекси замин муқаррар нашуда буд.Масъулин афзуданд, бо назардошти ин ҳолатҳо, ки заминҳо мувофиқи мақсаду таъйинот истифода намешуданд, ба Кодекси замини Тоҷикстон бандҳои нав илова гардиданд, ки ба Ҳукумат салоҳиятҳои зерин медиҳанд:Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти мазкурро ба Кодекси замин қабул намудааст ва феълан онҳо мавриди амал қарор гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20210721/raisi-kumitai-zamin-qirghiziston-mubodila-zamin-1041051884.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_751693fb77e113fba6e17cf3335bf19b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
замин, тақсим, қонунӣ
Ҷилавгирӣ аз худсариҳо дар истифодаи замин: Хоҷазода аз салоҳияти нави Ҳукумат гуфт
21:40 21.07.2021 (Навсозишуда: 21:58 21.07.2021) Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз худсариҳо дар истифодаи замин Ҳукумат аз салоҳияти ҷадид дар ин маврид бархӯрдор шуд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ориф Хоҷазода зикр намуд, ки дар Тоҷикистон заминҳо барои таъйиноти ғайрикишоварзӣ танҳо бо қарори Ҳукумат ҷудо мегарданд. Ӯ тавзеҳ дод, бархе аз заминҳое, ки Ҳукумат медод, мувофиқи мақсад истифода намешуданд ва соҳиби замин ё мақомоти маҳаллӣ бо ҳадафҳои дигар кор мебурдаанд.
Аз ҷумла мисол оварда шуд, ки Ҳукумат заминро барои бунёди корхона ҷудо менамудааст, аммо он бо ҳадафҳои дигар истифода мешудааст.
Ба иттилои масъулини Кумита, бекор кардани қарорҳои Ҳукумат дар мавриди додани қитъа дар Кодекси замин муқаррар нашуда буд.
Масъулин афзуданд, бо назардошти ин ҳолатҳо, ки заминҳо мувофиқи мақсаду таъйинот истифода намешуданд, ба Кодекси замини Тоҷикстон бандҳои нав илова гардиданд, ки ба Ҳукумат салоҳиятҳои зерин медиҳанд:
беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин;
ҳар сол тасдиқ намудани ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ;
тасдиқ намудани натиҷаи баҳисобгирии давлатии масоҳати замин дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти мазкурро ба Кодекси замин қабул намудааст ва феълан онҳо мавриди амал қарор гирифтаанд.