https://sputnik.tj/20210720/tojikiston-gurezaho-afghon-urdugoh-1041026644.html
Дар Тоҷикистон барои гурезаҳои афғон урдугоҳ месозанд
Дар Тоҷикистон барои гурезаҳои афғон урдугоҳ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Урдугоҳро Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмонҳои имдодии байналмилалӣ месозад
2021-07-20T15:33+0500
2021-07-20T15:33+0500
2021-07-20T15:46+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910069_142:0:1166:576_1920x0_80_0_0_11078c3e06cd441bca4042baa3148e9b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон барои гурезаҳои афғон урдугоҳ месозанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода хабар додааст.Ба гуфтаи вай, паноҳгоҳ барои гурезаҳо дар Ҷайҳун бунёд хоҳад шуд." Ба ин манзур буҷети мавриди ниёз аз манобеъи молии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст", - таъкид кардааст Ҳакимзода.Урдугоҳро Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмонҳои имдодии байналмилалӣ месозад.Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки паноҳгоҳ барои чанд пешбинӣ шудааст.Ба гуфтаи Ҳакимзода, 207 сарбози афғон, ки пас аз даргириҳо бо гурӯҳи Толибон (ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) вориди вилояти Хатлон шуда буданд, аллакай дар ин минтақа ҷойгир шуда буданд.Аммо пас аз чанд рӯз бо ҳамоҳангии мақомоти афғон онҳо аз Кӯлоб ба Кобул интиқол дода шуданд.Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки тақрибан ҳамаи гурезаҳои афғон, ки дар замони даргириҳо бо Толибон аз Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон фирор карданд, ба Ватан баргаштанд.Аксари онҳо низомиёне буданд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон ба хоки Тоҷикистон фирор карданд. Тибқи иттилои РИА Новости, шумори онҳо беш аз ҳазор нафарро ташкил медод.Гурезаҳоро ҳукумати Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб тариқи чархболҳои худ ва Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардондааст.
https://sputnik.tj/20210714/hazorho-gurezahoi-afghon-tojikiston-vatan-bargashtand-1040894329.html
https://sputnik.tj/20210715/qissaho-haymahoi-gham-guzorish-urdugohho-muhojirin-1040915149.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040910069_270:0:1038:576_1920x0_80_0_0_bc0d17afcc53387f7f31c67f9086d343.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
урдугоҳ
Дар Тоҷикистон барои гурезаҳои афғон урдугоҳ месозанд
15:33 20.07.2021 (Навсозишуда: 15:46 20.07.2021) Урдугоҳро Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмонҳои имдодии байналмилалӣ месозад
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон барои гурезаҳои афғон урдугоҳ месозанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, паноҳгоҳ барои гурезаҳо дар Ҷайҳун бунёд хоҳад шуд.
" Ба ин манзур буҷети мавриди ниёз аз манобеъи молии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст", - таъкид кардааст Ҳакимзода.
Урдугоҳро Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмонҳои имдодии байналмилалӣ месозад.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки паноҳгоҳ барои чанд пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Ҳакимзода, 207 сарбози афғон, ки пас аз даргириҳо бо гурӯҳи Толибон (ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) вориди вилояти Хатлон шуда буданд, аллакай дар ин минтақа ҷойгир шуда буданд.
Аммо пас аз чанд рӯз бо ҳамоҳангии мақомоти афғон онҳо аз Кӯлоб ба Кобул интиқол дода шуданд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки тақрибан ҳамаи гурезаҳои афғон, ки дар замони даргириҳо бо Толибон аз Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон фирор карданд, ба Ватан баргаштанд.
Аксари онҳо низомиёне буданд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон ба хоки Тоҷикистон фирор карданд.
Тибқи иттилои РИА Новости, шумори онҳо беш аз ҳазор нафарро ташкил медод.
Гурезаҳоро ҳукумати Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб тариқи чархболҳои худ ва Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардондааст.