https://sputnik.tj/20210714/hazorho-gurezahoi-afghon-tojikiston-vatan-bargashtand-1040894329.html
Ҳазорҳо гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд
Ҳазорҳо гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд
Sputnik Тоҷикистон
Тақрибан ҳамаи гурезаҳои афғонӣ, ки дар замони даргириҳо бо Толибон аз Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон фирор карданд, ба Ватан баргаштанд
2021-07-14T20:22+0500
2021-07-14T20:22+0500
2021-07-20T15:56+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
баргашт
низомӣ
гурезаҳо
паноҳҷӯён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040707336_0:294:3072:2022_1920x0_80_0_0_a58c7f207c90b9af78d50c39115a06a6.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Тақрибан ҳамаи гурезагони афғонӣ, ки ҳангоми ҳамлҳои ҷангиёни Толибон* ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд, дубора ба Афғонистон баргаштанд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикисстон."Аксари онҳо низомиёнанд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон ба хоки Тоҷикистон фирор карда буданд. Шумори онҳо беш аз ҳазор нафарро ташкил медод", - гуфт манбаъ.Гурезаҳоро ҳукумати Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб тариқи чархболҳои худ ва Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардонд.Манбаъ қайд кард, тақрибан тамоми гурезаҳо ба истиснои нафароне, ки рӯзи 13 июн дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паноҳандагӣ хостанд, ба ватанашон баргаштанд.Инҳо 77 шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон мебошанд. Миёни онҳо 26 мард, 20 зан ва 31 кӯдаке ҳастанд, ки дар ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон зиндагӣ мекарданд.Онҳо бинобар таҳдиди Толибон тасмим гирифтанд, ки ба кишвари ҳамсоя Тоҷикистон кӯч банданд. Ҳоло гурезагон дар деҳаи Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд ва ҳамроҳи онҳо бо худ зиёда аз 1,3 ҳазор сар гову гусфанд, шутур ва аспҳоро гирифтаанд.Баъдтар, боз 51 шаҳрванди Афғонистон аз ҳамон қаламрави ҳамон минтақаи ВМКБ ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҳоли ҳозир ба ҷуз 128 нафар гурезгоне ки дар Мурғоб қарор доранд дигар дар қаламрави Тоҷикистон паноҳҷӯи афғон нестанд.* - созмони террористие, ки дар Русия мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210712/kobul-gurezaho-afghoniston-aks-1040841518.html
https://sputnik.tj/20210707/fayzov-smm-bunyod-oqohon-afghoniston-1040705388.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040707336_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_2dc0a5084c97cd3dc88e06039eabd3f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, гуезагон, ватан, баргаштан, фирор
тоҷикистон, афғонистон, гуезагон, ватан, баргаштан, фирор
Ҳазорҳо гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд
20:22 14.07.2021 (Навсозишуда: 15:56 20.07.2021) Тақрибан ҳамаи гурезаҳои афғон, ки дар замони даргириҳо бо Толибон* аз Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон фирор карданд, ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 14 июл - Sputnik. Тақрибан ҳамаи гурезагони афғонӣ, ки ҳангоми ҳамлҳои ҷангиёни Толибон* ба хоки Тоҷикистон гузашта буданд, дубора ба Афғонистон баргаштанд, иттилоъ додааст хабаргузории
РИА Новости дар истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикисстон.
"Аксари онҳо низомиёнанд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон ба хоки Тоҷикистон фирор карда буданд. Шумори онҳо беш аз ҳазор нафарро ташкил медод", - гуфт манбаъ.
Гурезаҳоро ҳукумати Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб тариқи чархболҳои худ ва Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардонд.
Манбаъ қайд кард, тақрибан тамоми гурезаҳо ба истиснои нафароне, ки рӯзи 13 июн дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паноҳандагӣ хостанд, ба ватанашон баргаштанд.
Инҳо 77 шаҳрванди қирғизтабори Афғонистон мебошанд. Миёни онҳо 26 мард, 20 зан ва 31 кӯдаке ҳастанд, ки дар ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон зиндагӣ мекарданд.
Онҳо бинобар таҳдиди Толибон тасмим гирифтанд, ки ба кишвари ҳамсоя Тоҷикистон кӯч банданд. Ҳоло гурезагон дар деҳаи Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд ва ҳамроҳи онҳо бо худ зиёда аз 1,3 ҳазор сар гову гусфанд, шутур ва аспҳоро гирифтаанд.
Баъдтар, боз 51 шаҳрванди Афғонистон аз ҳамон қаламрави ҳамон минтақаи ВМКБ ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҳоли ҳозир ба ҷуз 128 нафар гурезгоне ки дар Мурғоб қарор доранд дигар дар қаламрави Тоҷикистон паноҳҷӯи афғон нестанд.
* - созмони террористие, ки дар Русия мамнӯъ аст.