https://sputnik.tj/20210720/musuliyat-tarkishho-kobul-doish-1041034183.html
Мусъулияти таркишҳо дар назди Қасри Ғаниро ДОИШ* бар дӯш гирифт: расонаҳо
Мусъулияти таркишҳо дар назди Қасри Ғаниро ДОИШ* бар дӯш гирифт: расонаҳо
Sputnik Тоҷикистон
ДОИШ* масъулияти таркишҳо дар маркази Кобулро бар дӯш гирифт
2021-07-20T20:10+0500
2021-07-20T20:10+0500
2021-07-20T20:10+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
таркиш
доиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102825/18/1028251896_0:322:3069:2048_1920x0_80_0_0_865532dc5c9a95db8451a319b29c3c9c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ* масъулияти тирборон кардани қасри президент дар Кобулро ба ӯҳда гирифт, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хабаргузории Франс Пресс. Қаблан шабакаи телевизионии Афғонистон Tolo News хабар дод, ки якчанд мушак дар назди Қасри президент дар маркази шаҳри Кобул ҳангоми намози дастаҷамъонаи идона таркиданд.Бо вуҷуди ин ҳодиса, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар маросими анъанавии намози ид пас аз Иди Қурбон суханронӣ кард.Пештар созмони мамнӯъи "Толибон"* изҳор дошт, ки дар ин ҳамлаҳо даст надорад ва нерӯҳояш дар рӯзи ид дар мавқеи мудофиавӣ қарор доштанд.Ёдрас мешавем, ки дар Афғонистон ҳафтаҳо ба ин сӯ миёни низомиёни ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад.Кӯшиши ҳаллии мухолифот сари мизи музокирот низ, ки рӯзи гузашта дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа баргузор шуд бо нокомӣ анҷом ёфт: ҷонибҳо на дар бораи оташбас ва на озодкунии зиндониҳо ба мувофиқа нарасиданд.Ягона натиҷаи ин музокирот - идомаи гуфтушунид аст.Ҳамчунин "Толибон"* ваъда доданд, ки ба муассисаҳои тандурустӣ ҳуҷум намекунанд ва барои эмгузаронӣ халал намерасонанд."Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣАксари коршиносони низомӣ бар инанд, ки пас аз баромадани низомиёни НАТО ва ИМА аз хоки Афғонистон, ин кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад печид.* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо
https://sputnik.tj/20210720/namoz-video-namozhoni-ghani-abdulloh-tarkish-1041025908.html
https://sputnik.tj/20210720/muzokirot-nokom-doha-afghoniston-1041023048.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102825/18/1028251896_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ade53b977e44ae35b03b45bceb65a559.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
масъулият, доиш, таркиш, кобул
масъулият, доиш, таркиш, кобул
Мусъулияти таркишҳо дар назди Қасри Ғаниро ДОИШ* бар дӯш гирифт: расонаҳо
ДОИШ* масъулияти таркишҳо дар маркази Кобулро бар дӯш гирифт
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ* масъулияти тирборон кардани қасри президент дар Кобулро ба ӯҳда гирифт, хабар медиҳад
РИА Новости бо такя ба хабаргузории Франс Пресс.
Қаблан шабакаи телевизионии Афғонистон Tolo News хабар дод, ки якчанд мушак дар назди Қасри президент дар маркази шаҳри Кобул ҳангоми намози дастаҷамъонаи идона таркиданд.
Бо вуҷуди ин ҳодиса, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар маросими анъанавии намози ид пас аз Иди Қурбон суханронӣ кард.
Пештар созмони мамнӯъи "Толибон"* изҳор дошт, ки дар ин ҳамлаҳо даст надорад ва нерӯҳояш дар рӯзи ид дар мавқеи мудофиавӣ қарор доштанд.
Ёдрас мешавем, ки дар Афғонистон ҳафтаҳо ба ин сӯ миёни низомиёни ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад.
Кӯшиши ҳаллии мухолифот сари мизи музокирот низ, ки рӯзи гузашта дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа баргузор шуд бо нокомӣ анҷом ёфт: ҷонибҳо на дар бораи оташбас ва на озодкунии зиндониҳо ба мувофиқа нарасиданд.
Ягона натиҷаи ин музокирот - идомаи гуфтушунид аст.
Ҳамчунин "Толибон"* ваъда доданд, ки ба муассисаҳои тандурустӣ ҳуҷум намекунанд ва барои эмгузаронӣ халал намерасонанд.
Аксари коршиносони низомӣ бар инанд, ки пас аз баромадани низомиёни НАТО ва ИМА аз хоки Афғонистон, ин кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад печид.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо