https://sputnik.tj/20210720/namoz-video-namozhoni-ghani-abdulloh-tarkish-1041025908.html
Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳо
Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳо
Sputnik Тоҷикистон
Лаҳзаи намози иди Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ва мақомдорони дигари афғон ҳангоми таркишҳо ва ҳамлаҳои мушакӣ нашр гардидааст
2021-07-20T15:10+0500
2021-07-20T15:10+0500
2021-07-20T15:27+0500
видео
амният ва мудофиа
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041025368_12:0:776:430_1920x0_80_0_0_90cc9bed7f5c83c77c817b630bf09b95.jpg
Якчанд мушак дар назди Қасри президент дар маркази шаҳри Кобул ҳангоми намози дастаҷамъонаи идона таркиданд, гузориш доданд расонаҳои Афғонистон. Бархеи дигар мегӯянд, садои таркиши мошинҳои назди Қасри раисиҷумҳур буд. Дар наворе, ки нашр шудааст, мақомдорони афғон аз садоҳои таркишу парвозҳои мушакҳо як қад париданд, аммо тарки намоз накарданду ибодаташонро идома доданд. Танҳо нафаре ҳайрону парешон сарашро дошта, атрофу болоро нигоҳ карду баъдан ӯ ҳам боз ба намоз пайваст.Бар асоси навор, танҳо ду нафар дар лаҳзаҳои таркиш тарки намоз намуданд, ки зоҳиран масъулини амниятӣ будаанд.Масъулияти ин ҳамларо то ҳол гуруҳе ба дӯш нагирифтааст. Созмони мамнӯъи Толибон* изҳор доштааст, ки дар ин ҳамлаҳо даст надорад ва нерӯҳояш дар рӯзи ид дар мавқеи мудофиавӣ қарор доштанд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041025368_107:0:680:430_1920x0_80_0_0_55ea8a33198d794b4c1a4595cfff5c7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш, лаҳза, ашраф ғанӣ, абдуллоҳ абдуллоҳ
таркиш, лаҳза, ашраф ғанӣ, абдуллоҳ абдуллоҳ
Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳо
15:10 20.07.2021 (Навсозишуда: 15:27 20.07.2021) Навори намози иди Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ва мақомдорони дигари афғон ҳангоми таркишҳо ва ҳамлаҳои мушакӣ нашр гардидааст
Якчанд мушак дар назди Қасри президент дар маркази шаҳри Кобул ҳангоми намози дастаҷамъонаи идона таркиданд, гузориш доданд расонаҳои Афғонистон. Бархеи дигар мегӯянд, садои таркиши мошинҳои назди Қасри раисиҷумҳур буд.
Дар наворе, ки нашр шудааст, мақомдорони афғон аз садоҳои таркишу парвозҳои мушакҳо як қад париданд, аммо тарки намоз накарданду ибодаташонро идома доданд. Танҳо нафаре ҳайрону парешон сарашро дошта, атрофу болоро нигоҳ карду баъдан ӯ ҳам боз ба намоз пайваст.
Бар асоси навор, танҳо ду нафар дар лаҳзаҳои таркиш тарки намоз намуданд, ки зоҳиран масъулини амниятӣ будаанд.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол гуруҳе ба дӯш нагирифтааст. Созмони мамнӯъи Толибон* изҳор доштааст, ки дар ин ҳамлаҳо даст надорад ва нерӯҳояш дар рӯзи ид дар мавқеи мудофиавӣ қарор доштанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар