Кӯмакпулии "ковидӣ" дар Тоҷикистон: киҳо бояд гиранду киҳо гирфтанд?

© Фото : Пресс-служба правительства ГБАОПредседатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки 480 ҳазор хонаводаро бо кӯмакпулии якдафъаина таъмин кунад
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар пайи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон додани кӯмакпулии якдафъаина ба оилаҳои осебпазир ба нақша гирифта шуд.
Он 400 сомонӣ буда, дар умум бояд 480 ҳазор хонавода ин маблағро дастас кунанд.
"То имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба 149 ҳазору 856 нафар оилаҳои камбизоати шарҳу ноҳияи ҷумҳурӣ ин миқдор маблағ пардохт шуд", - хабар додааст ба "Ховар" Шодихони Ҷамшед, муовини вазири тандурстӣ.
Ёдрас мешавем, ҳанӯз охирҳои моҳи май Ҳукумати Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) созишномаи грантӣ ба имзо расонид, ки мувофиқи он "Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро АБР маблағгузорӣ мекунад.
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2019
Мақомоти Хуҷанд ба 36 нафар собиқадорони меҳнату чеҳраҳои намоёни давлатӣ кӯмакпулиҳо дод
Ҳамин тавр, кӯмакпулии мазкур ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони то 7-сола доранд; ба хонаводаҳое, ки тибқи ҳуҷҷати дахлдори мақомоти худидораи маҳаллӣ занҳо сардори оила эътироф гардида, дар ҳайати худ кӯдакони аз 7 то 16-сола доранд, дода мешавад.
Ба гуфтаи Шодихон Ҷамшед, оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон шаҳодатномаи таваллуд ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маъюбӣ надоранд, бояд нахуст шаҳодатномаи таваллуд ё ҳуҷҷати маъюбиро гиранд.
Сипас ҳуҷҷатҳоро барои ворид намудан ба махзани ягонаи иттилоотии барнома ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намоянд, он гоҳ ҳуқуқи гирифтани ин ёрии моддиро пайдо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0