Мақомоти Хуҷанд ба 36 нафар собиқадорони меҳнату чеҳраҳои намоёни давлатӣ кӯмакпулиҳо дод

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони в конверте, архивное фото
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба 36 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатӣ кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро тақдим кард

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба 36 нафар собиқадорони арсаи меҳнат, ашхоси намоёни давлатии шаҳри Хуҷанд кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба андозаи 500 сомонӣ тақдим кард.

Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд беш аз 50 нафар фаъолони касбу кори гуногуни шаҳрро қадрдонӣ кард

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.

Раҳмон ба 42 сохтмончиёни НБО Роғун мукофотҳои давлатӣ дод

Манбаъ қайд намудааст, ки раиси шаҳри Хуҷанд зимни маросими супурдани кӯмакпулиҳо таъкид дошт, ки имрӯз Тоҷикистон дар шоҳроҳи рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва аркони давлатдории миллӣ қарор дорад.

“Дар чунин марҳила тамоми кӯшишу талошҳои мо бояд ба он сафарбар карда шаванд ва Истиқлолият ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванд мубаддал гардад”, - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран дар толори “Кохи фарҳанги Суғдиён” Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон ба зиёда аз 50 нафар фаъолони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд Ифтихорномаи мақомоти шаҳри Хуҷанд тақдим намуд.

Студенты Государственного медицинского университета имени Абуали Ибн Сино - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Раҳмон роҳбари маркази тиббии “Шифо” бо “Медали хизмати шоиста” қадрдонӣ шуд

Аз Шамсулло Соҳибов то Озарахшу раиси Ворух ва ноиби раиси ВМКБ: киҳо мукофот гирифтанд?

Гуфта мешавад, ки беш аз 50 нафар шахсони фаъоли касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд, ки дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат, рушду пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ доштанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0