Иди Қурбон-2021: мафҳум ва анъанаҳои ҷашн

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehПразднование Курбан Байрам в Иране
Празднование Курбан Байрам в Иране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Иди Қурбон- яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад
Дар иди Ал- Адҳа ва ё Иди Қурбон мусалмонон ба хотири анҷоми ҳаҷ қурбонӣ мекунанд.

Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар соли 2021

Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Иҷозаи баргузории намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди Тоҷикистон
Аксари кишварҳо санаи ҷашни Иди Қурбонро дар рӯзе, ки Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ муқаррар мекунад, қайд мекунанд.
Дар Тоҷикистон бошад санаи мушаххаси ҷашни Иди Қурбон аз қарори Шӯрои уламо вобаста аст.

Таърихи Иди Қурбон

Ин ҷашн аз анҷоми маросими ҳаҷ дарак дода ва дар рӯзи 10 - уми моҳи зулҳиҷҷа ба хотири қурбонии пайғамбар Иброҳим қайд карда мешавад. Худи калимаи Иди Қурбон арабӣ буда, маънои “ҷашни қурбонӣ”-ро дорад.
Мувофиқи китоби муқаддаси Қуръон, фаришта Ҷабраил дар хоби Иброҳим - пайғамбар зоҳир шудааст ва ба ӯ фармудаст, ки писари худ Исмоилро қурбонӣ кунад.
Иброҳим дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи задгоҳ дар сар­замини Мино ҳаракат мекунад. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад.
Иброҳим вақте талошҳои шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.
Падару писар чун ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд.
Жители Душанбе покупают продукты на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, нархҳоро дар Иди Қурбон таҳти назорат мегиранд
Ва ҳамин ки Иброҳим корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: "Эй Иброҳим, ту хоби худро ба амал баровардӣ!" ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: "Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем".

Мафҳум ва маънои Иди Қурбон

Дарсе, ки Ҳақ Таоло ба Иброҳи пайғамбар омӯзонд, ин аст, ки барои наздик шудан ба Худованд барои одам шарт нест, ки ҷони инсонро қурбон кунад. Муҳим ин аст, ки дар худ қувваеро пайдо кунад, то аз ҳар гуна бадӣ,- дурӯғгуйӣ, тамаъҷуйӣ, зино ва ғайра дурӣ ҷӯяд ва дар ҳаёт то ҳадди имкон корҳои хуберо аз қабили намоз хондан, рӯза гирифтан, хайру сахо намудан ва дасти мӯҳтоҷу нотавонҳоро гирифтан, анҷом диҳад.
Имрӯз ҳам, чун дар замони Иброҳим пайғамбар, барои мусалмонон муҳим аст, аз тамаъкорӣ, худписандиву дурӯғгуйӣ, хиёнат ва ваъдахилофӣ ва дигар хислатҳои бади инсонӣ дар канор бошанд.
Қурбонӣ кардан дар ин рӯз ба маънои он аст, ки аз Худованд бахшидани гуноҳҳои худро одам илтиҷо мекунад.

Анъанаҳои ҷашн гирифтани Иди Қурбон

Маъмулан, аксар мусалмонон як рӯз қабл аз Иди Қурбонӣ рӯза мегиранд. Ин рӯзро Арафот ном мебаранд ва он ҳамчун нуқтаи меҳварии маросими ҳаҷ ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи Иди Қурбон зоирин аз болои кӯҳи Арафот ба таври рамзӣ ба поён сангчаҳоро ҳаво медиҳанд, ба маънои он ки гуё шайтонро сангсор мекунад.
© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный дастархан на праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон
Праздничный дастархан на праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Праздничный дастархан на праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон
Иди Қурбон субҳи барвақт оғоз ёфта ҳамаи мусалмонон бояд анъанаҳои ҷашн гирифтани ин идро риоя намоянд:
Намоз хондан. Субҳи барвақт мардҳои мусалмон наҳорӣ накарда, либоси идонаро ба бар мекунанд ва роҳи масҷидро пеш мегиранд. Дар масҷид пас аз адои намози идона хутба хонда мешавад.
Қурбонӣ кардан. Дар қаламрави масҷид ё дар макони махсус барои забҳи чорво аввал мулло ва ё имом-хатиб хутба мехонад. Гӯшти барраи қурбонӣ ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад, аммо пӯсти ҳайвон набояд партофта шавад. Шутур ва чорвои калони шохдор барои ҳафт нафар қурбонӣ мешавад ва чорвои хурд танҳо барои як кас забҳ карда мешавад.
Дастархони идона оростан. Дар ин рӯз ҳар як оила дастархони идона ороста мекунад. Соҳибони хона дар баробари тайёр намудани чандин хӯрок аз гушт, инчунин болои дастархон барои меҳмонон ва ҳамсояҳои худ шириниҳо мегузоранд.
Тӯҳфа кардан. Зимнан, дар ин рӯз барои дӯстон ва пайвандон тӯҳфаҳо тайёр мекунанд. дар рӯзи аавали ид барои ҳамсояҳо ва кӯдакон ширинӣ тақсим мекунанд. Дар рӯзи дуюми ид бошад ба хонаи хешу ҳамсояҳо ба меҳмонӣ мераванд.

Дар Иди Қурбон ба кадом амалҳо даст задан мумкин нест

Дар ин рӯз истеъмоли машрубот комилан манъ аст.

Қурбонӣ

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ (хонагӣ) барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Раҳмон гуфт, киҳо қурбонӣ кунанду идгардак чигуна бошад: шодбошии президент
Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.
Иди Қурбон ва коронавирус
Тоҷикистон ду соли ахир Иди Қурбонро дар шароити пандемия таҷлил мекунад. Имсол дар масҷидҳои кишвар хондани намози ид иҷоза дода шуд. Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба ид табрик кард ва гуфт, ки риояи қоидаҳои беҳдоштро фаромӯш накунанд.
Лентаи хабарҳо
0