https://sputnik.tj/20210719/ijoza-barguzori-namoz-id-qurbon-masojid-tojikiston-1041001007.html
Иҷозаи баргузории намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди Тоҷикистон
Иҷозаи баргузории намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозат додааст, ки намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди кишвар доир шавад
2021-07-19T16:58+0500
2021-07-19T16:58+0500
2021-07-19T17:06+0500
дар тоҷикистон
масҷидбандӣ
шӯрои уламо
намози иди фитр
намозгузорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/15/1031607232_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_79c8fd609192455551e21b47544b8e2b.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ Кумитаи дини кишвар гузоштани намози Иди Қурбонро дар ҳама масоҷид иҷозат додааст.Ба намозгузорон тавсия дода шудааст, ки барои адои намози Ид ба наздиктарин масҷиди назди хонаи худ биравед ва аз ҳар гуна таҷаммуи хатарзо пешгирӣ намоед. Дар ҳамон ҳол як ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор низ тасдиқ кард, ки ба онҳо гуфтаанд, намози Идро дар наздиктарин масҷид гузоранд."Масҷиди маҳаллаи мо то кунун бино бар сабаби ҳуҷҷатгузориҳо баста буд ва акнун иҷозат доданд, ки намози Идро гузорем", - афзуд манбаъӮ гуфт, ин тасмимро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии зиёди бемории коронавирус унвон карданд.Ёдовар мешавем, қаблан Шӯрои уламои кишвар аз намозгузорон қатъӣ даъват кард, ки ба масҷид бо ниқоб ва дастпӯшак ҳозир шуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.Ҳамзамон ин ниҳод гуфтааст, нафарони дорои бемориҳои музмин ва пиронсолон, ки осебпазиранд, дар хона бихонанд.Ҳамзамон Шӯрои уламо аз аҳолӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз идгардак худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20210717/tahdid-masjidband-talab-namozguzoron-id-qurbon-1040964459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/15/1031607232_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_246817af01abf01a0b53e476b34eb2b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷоза, баргузорӣ, намоз, иди қурбон, масоҷид, тоҷикистон
иҷоза, баргузорӣ, намоз, иди қурбон, масоҷид, тоҷикистон
Иҷозаи баргузории намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди Тоҷикистон
16:58 19.07.2021 (Навсозишуда: 17:06 19.07.2021) Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозат додааст, ки намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди кишвар доир шавад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ Кумитаи дини кишвар гузоштани намози Иди Қурбонро дар ҳама масоҷид иҷозат додааст.
"Бо дарназардошти вазъ ва ҷиҳати пешгирӣ аз издиҳоми зиёди намозгузорон, баргузории намози Ид дар баробари масҷидҳои ҷомеъ дар ҳамаи масҷидҳои панҷвақтаи амалкунанда, ки шароиту имкони баргузории намози Идро доранд, ба таври истисно иҷозат дода шудааст," - хабар додааст, Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод.
Ба намозгузорон тавсия дода шудааст, ки барои адои намози Ид ба наздиктарин масҷиди назди хонаи худ биравед ва аз ҳар гуна таҷаммуи хатарзо пешгирӣ намоед.
Дар ҳамон ҳол як ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор низ тасдиқ кард, ки ба онҳо гуфтаанд, намози Идро дар наздиктарин масҷид гузоранд.
"Масҷиди маҳаллаи мо то кунун бино бар сабаби ҳуҷҷатгузориҳо баста буд ва акнун иҷозат доданд, ки намози Идро гузорем", - афзуд манбаъ
Ӯ гуфт, ин тасмимро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии зиёди бемории коронавирус унвон карданд.
Ёдовар мешавем, қаблан Шӯрои уламои кишвар аз намозгузорон қатъӣ даъват кард, ки ба масҷид бо ниқоб ва дастпӯшак ҳозир шуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Ҳамзамон ин ниҳод гуфтааст, нафарони дорои бемориҳои музмин ва пиронсолон, ки осебпазиранд, дар хона бихонанд.
Ҳамзамон Шӯрои уламо аз аҳолӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз идгардак худдорӣ кунанд.