https://sputnik.tj/20210720/favt-moda-farzand-jasad-mazor-panjakend-1041036189.html
Аз фавти модару 4 фарзандаш то овардани ҷасадҳои селзадаҳо бо чархбол: мотам дар Панҷакент
Аз фавти модару 4 фарзандаш то овардани ҷасадҳои селзадаҳо бо чархбол: мотам дар Панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
Қурбониёни сели рӯзи 19 июн дар Панҷакент ба 12 тан расид
2021-07-20T20:43+0500
2021-07-20T20:43+0500
2021-07-29T16:33+0500
панҷакент
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолати фавқулода
даргузашт
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/16/1029361698_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_0b9c1a3636210ceaf95fa0d3b9e8aefe.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар деҳаи Киштудаки ҷамоати Ёвони шаҳри Панҷакент бар асари боронгариҳои шадиди рӯзи гузашта 12 тан ҷони худро аз даст додаанд.Мутриб Шоназаров, афсари калони КҲФ - и шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, миёни 12 нафар қурбониёни сел як зан ҳамроҳи чаҳор кӯдакаш низ мебошад. Ба иттилои манбаъ, сел модар ва кӯдаконашро ҳангоми дар чарогоҳи тобистона аз деҳа дуртар қарор доштанашон мебарад.Номбурда гуфт, имрӯз ҷасади 10 нафари пайдошуда ба хок супорида шуда, аммо ҷустуҷуи ду тани дигар идома дорад."Кулли ҳайати КҲФ - и шаҳри Панҷакент ҳоло барои дарёфти ҷасадҳои ду тани дигар ва бартараф гардонидани хробкориҳои сел дар ҷойи ҳодиса қарор доранд", - мегӯяд манбаъ.Дар ҳамин ҳол як ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасадҳои фавтидагон аз ҷумла модар ва фарзандонаш ба воситаи чархбол ба мазор ба деҳа оварда шуд.Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷанозаи фавтидагон муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ҳузур доштанд.Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта, дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.Сокинони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ низ мегӯянд сели азими рӯзи гузашта қисман ба хонаҳо зарар расонидаву роҳҳову пулҳои деҳаро хароб кард ва чорвою нақлиётҳои сокинони деҳаро рабуд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар то кунун расман ҳоло дар ин бора иттилоъ надодааст.
https://sputnik.tj/20210720/id-motam-navorho-sel-margbor-tojikiston---video-1041021816.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/16/1029361698_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_90c6e4da852efbd9ef907b7dcf3a3894.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фавт, модар, фарзандон, ҷасадҳо, селзада, чархбол,панҷакенд
фавт, модар, фарзандон, ҷасадҳо, селзада, чархбол,панҷакенд
Аз фавти модару 4 фарзандаш то овардани ҷасадҳои селзадаҳо бо чархбол: мотам дар Панҷакент
20:43 20.07.2021 (Навсозишуда: 16:33 29.07.2021) Қурбониёни сел дар Панҷакент ба 12 нафар расид
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар деҳаи Киштудаки ҷамоати Ёвони шаҳри Панҷакент бар асари боронгариҳои шадиди рӯзи гузашта 12 тан ҷони худро аз даст додаанд.
Мутриб Шоназаров, афсари калони КҲФ - и шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, миёни 12 нафар қурбониёни сел як зан ҳамроҳи чаҳор кӯдакаш низ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, сел модар ва кӯдаконашро ҳангоми дар чарогоҳи тобистона аз деҳа дуртар қарор доштанашон мебарад.
"Инҳо ҳама машғули чорвочаронӣ буда, дар замони боридани борон дохили хаймаҳо панаҳ бурдаанд, аммо селхезӣ онҳоро бо хаймаҳояшон бурдааст", - мегӯяд манбаъ.
Номбурда гуфт, имрӯз ҷасади 10 нафари пайдошуда ба хок супорида шуда, аммо ҷустуҷуи ду тани дигар идома дорад.
"Кулли ҳайати КҲФ - и шаҳри Панҷакент ҳоло барои дарёфти ҷасадҳои ду тани дигар ва бартараф гардонидани хробкориҳои сел дар ҷойи ҳодиса қарор доранд", - мегӯяд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол як ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасадҳои фавтидагон аз ҷумла модар ва фарзандонаш ба воситаи чархбол ба мазор ба деҳа оварда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷанозаи фавтидагон муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ҳузур доштанд.
Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта, дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.
Сокинони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ низ мегӯянд сели азими рӯзи гузашта қисман ба хонаҳо зарар расонидаву роҳҳову пулҳои деҳаро хароб кард ва чорвою нақлиётҳои сокинони деҳаро рабуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар то кунун расман ҳоло дар ин бора иттилоъ надодааст.