https://sputnik.tj/20210720/id-motam-navorho-sel-margbor-tojikiston---video-1041021816.html
“Ид мотам шуд”: наворҳои селҳои маргбор дар Суғд - видеоҳо
“Ид мотам шуд”: наворҳои селҳои маргбор дар Суғд - видеоҳо
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ тайи як рӯзи охир селҳои харобиовар рух доданд, ки баробари хисороти зиёди моддӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай доштанд. То ҳол аз марги 9 нафар хабар дода шудааст, ки миёнашон кӯдакон низ мебошанд.
2021-07-20T13:49+0500
2021-07-20T13:49+0500
2021-07-21T16:33+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
панҷакент
сел
ҳолатҳо
ситоди ҳолатҳои фавқулодда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055495_0:1:883:497_1920x0_80_0_0_488bffca5883ac6bbfcdd048e617f765.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шаҳрдории Панҷакент теъдоди қурбониёни сели шоми 19 июлро дар деҳоти ин шаҳр 12 нафар гуфт, ки то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади ду нафарашон идома дорад. Бархе аз сокинони деҳаи Киштудаки поёни Панҷакент гуфтанд, сел дар чарогоҳи тобистона одамонро, ки миёнашон кӯдакон низ будаанд, зер кардааст. Теъдоди кӯдакони ҳалокшуда чор нафар арзёбӣ мешавад. Сел ва фоҷиа дар шимоли Тоҷикистон дар ҳоле рух доданд, ки мардуми кишвар 20 июл иди Қурбонро таҷлил мекарданд. Дар ин рӯз дар Панҷакент ҷасади қурбониёни селро ба хок супурда, кофтукоби ҷасадҳои боқимонда идома дорад. Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта дар ноҳияиҳои Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.Дар ҳамин ҳол Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, хавфи фаромадани сел дар бархе аз манотиқи ҷумҳурӣ тайи ду рӯзи оянда боқӣ хоҳад монд. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, фаромадани сел ду рӯзи оянда дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир аст. Селҳои харобиовар дар Суғд дар ҳоле рух доданд, ки қаблан дар ҷануб ва шарқи Тоҷикистон низ селхезию заминларза рух дода, даҳҳо хонаводаро бесарпаноҳ карданду талафоти ҷонӣ дар пай гузоштанд.
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055495_109:0:772:497_1920x0_80_0_0_8039428d469e6bb849b03ba0af634b95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел, харобӣ, мотам, қурбонӣ
сел, харобӣ, мотам, қурбонӣ
“Ид мотам шуд”: наворҳои селҳои маргбор дар Суғд - видеоҳо
13:49 20.07.2021 (Навсозишуда: 16:33 21.07.2021) Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ тайи як рӯзи охир селҳои харобиовар рух доданд, ки баробари хисороти зиёди моддӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай доштанд. То ҳол аз марги 12 нафар хабар дода шудааст, ки миёнашон кӯдакон низ мебошанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шаҳрдории Панҷакент теъдоди қурбониёни сели шоми 19 июлро дар деҳоти ин шаҳр 12 нафар гуфт, ки то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади ду нафарашон идома дорад.
Бархе аз сокинони деҳаи Киштудаки поёни Панҷакент гуфтанд, сел дар чарогоҳи тобистона одамонро, ки миёнашон кӯдакон низ будаанд, зер кардааст. Теъдоди кӯдакони ҳалокшуда чор нафар арзёбӣ мешавад. Сел ва фоҷиа дар шимоли Тоҷикистон дар ҳоле рух доданд, ки мардуми кишвар 20 июл иди Қурбонро таҷлил мекарданд. Дар ин рӯз дар Панҷакент ҷасади қурбониёни селро ба хок супурда, кофтукоби ҷасадҳои боқимонда идома дорад.
Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта дар ноҳияиҳои Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.
Дар ҳамин ҳол Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, хавфи фаромадани сел дар бархе аз манотиқи ҷумҳурӣ тайи ду рӯзи оянда боқӣ хоҳад монд.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, фаромадани сел ду рӯзи оянда дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир аст.
Селҳои харобиовар дар Суғд дар ҳоле рух доданд, ки қаблан дар ҷануб ва шарқи Тоҷикистон низ селхезию заминларза рух дода, даҳҳо хонаводаро бесарпаноҳ карданду талафоти ҷонӣ дар пай гузоштанд.