https://sputnik.tj/20210719/taassuf-sattorov-darguzasht-safarbek-soleh-1041007268.html
Таассуфи Сатторов аз даргузашти Сафарбек Солеҳ: "рафтанаш таҳаммулнопазир аст"
Таассуфи Сатторов аз даргузашти Сафарбек Солеҳ: "рафтанаш таҳаммулнопазир аст"
Sputnik Тоҷикистон
Имомуддин Сатторов ба пайвандони коргардони машҳури Тоҷикистон тасаллияти амиқ иброз дошт 19.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-19T19:12+0500
2021-07-19T19:12+0500
2021-07-19T19:12+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
имомуддин сатторов
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1041006465_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_bd3cf501a9c50de03e778661d649a556.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз даргузашти коргардони машҳури Тоҷикистон Сафарбек Солеҳ амиқан андӯҳгин шудааст.Сафир дар сафҳаи Фейсбукии сафорати Тоҷикистон дар Русия акси худ бо коргардони марҳум гузошта, даргузашти ӯро таҳаммулнопазир арзёбӣ намудааст.Ӯ мегӯяд, хабари даргузашти Солеҳро бисёр дарднок қабул кард, зеро Сафарбек дигар бо ҳисси меҳанпарастию миллат дӯстдорӣ дар бари мардуми Тоҷикистон нест.Зимнан, Сатторов аз он изҳори таасуф намуд, ки филмҳои Сафарбек ва донишу хиради ӯ минбаъд дар пешрафти Тоҷикистон татбиқ намешавад.Ёдовар мешавем, ки Сафарбек Солеҳ, коргардони машҳури Тоҷикистон, зуҳри 19-уми июл дар синни 62-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Ӯ қаблан бо бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов дар мавриди дафни Сафарбек Солеҳ гуфт. ки маросими гусел бо коргардони марҳум рӯзи 20 июл, соати 06:00 дар маҳаллаи Тезгар, мавсуф ба Нефтяник баргузор мегардад.Охирин паёмро коргардони маъруф дар саҳифаи фейсбукияш 6 -уми июл аз бистари беморӣ нашр карда, ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст. Ӯ ба табибону наздикон ташаккур гуфтааст, ки ба шарофати онҳо ҳанӯз нафас мекашад. Баъдан хабар дода шуд, ки вазъи Сафарбек Солеҳ бадтар шуда, ҳудуди як ҳафта қабл ӯ аз гап мондаст.Сафарбек Солеҳ соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1980 мебошад. Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад.
https://sputnik.tj/20210719/ittifoq-sinamogaron-marosim-vido-1041001959.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1041006465_110:0:1246:852_1920x0_80_0_0_67452e79f7591c245635f4088c338614.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имомуддин сатторов таассуф даргузашт сафарбек солеҳ
имомуддин сатторов таассуф даргузашт сафарбек солеҳ
Таассуфи Сатторов аз даргузашти Сафарбек Солеҳ: "рафтанаш таҳаммулнопазир аст"
Имомуддин Сатторов ба пайвандони коргардони машҳури Тоҷикистон тасаллияти амиқ иброз дошт
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов аз даргузашти коргардони машҳури Тоҷикистон Сафарбек Солеҳ амиқан андӯҳгин шудааст.
Сафир дар
сафҳаи Фейсбукии сафорати Тоҷикистон дар Русия акси худ бо коргардони марҳум гузошта, даргузашти ӯро таҳаммулнопазир арзёбӣ намудааст.
"Вақте донишманде, соҳибхираде, аз фарзандони фарзонаи миллат ин дунёро падруд мегӯяд, ҷаҳони маънавиёте ва розҳои нагуфтаеро бо худ мебарад, ки яқинан дигар барои мо чун дурри ноёб мегарданд", - навиштааст Сатторов.
Ӯ мегӯяд, хабари даргузашти Солеҳро бисёр дарднок қабул кард, зеро Сафарбек дигар бо ҳисси меҳанпарастию миллат дӯстдорӣ дар бари мардуми Тоҷикистон нест.
Зимнан, Сатторов аз он изҳори таасуф намуд, ки филмҳои Сафарбек ва донишу хиради ӯ минбаъд дар пешрафти Тоҷикистон татбиқ намешавад.
Ёдовар мешавем, ки Сафарбек Солеҳ, коргардони машҳури Тоҷикистон, зуҳри 19-уми июл дар синни 62-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Ӯ қаблан бо бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.
Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов дар мавриди дафни Сафарбек Солеҳ гуфт. ки маросими гусел бо коргардони марҳум рӯзи 20 июл, соати 06:00 дар маҳаллаи Тезгар, мавсуф ба Нефтяник баргузор мегардад.
Охирин паёмро коргардони маъруф дар саҳифаи фейсбукияш 6 -уми июл аз бистари беморӣ нашр карда, ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст. Ӯ ба табибону наздикон ташаккур гуфтааст, ки ба шарофати онҳо ҳанӯз нафас мекашад. Баъдан хабар дода шуд, ки вазъи Сафарбек Солеҳ бадтар шуда, ҳудуди як ҳафта қабл ӯ аз гап мондаст.
Сафарбек Солеҳ соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1980 мебошад. Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад.