https://sputnik.tj/20210719/ittifoq-sinamogaron-marosim-vido-1041001959.html
Иттифоқи синамогарон: маросими видоъ бо Сафарбек Солеҳ 20 июл баргузор мешавад
Иттифоқи синамогарон: маросими видоъ бо Сафарбек Солеҳ 20 июл баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон бо нашри як таъзиянома макону замони видоъ бо Сафарбеки Солеҳ, коргардони марҳуми тоҷикро эълон кард
2021-07-19T17:33+0500
2021-07-19T17:33+0500
2021-07-21T14:01+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷаноза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040990941_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_bc09497f927a69056626a3243086b7e9.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба пайвандону ҳамкасбони Сафарбек Солеҳ изҳори таслият карда, изҳор доштааст, ки коргардони шинохтаро аз хонаи падарӣ ба роҳи охират гусел мекунанд.Сафарбек Солеҳ, коргардони машҳури Тоҷикистон, зуҳри 19-уми июл дар синни 62-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Ӯ қаблан бо бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.Охирин паёмро коргардони маъруф дар саҳифаи фейсбукияш 6 -уми июл аз бистари беморӣ нашр карда, ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст. Ӯ ба табибону наздикон ташаккур гуфтааст, ки ба шарофати онҳо ҳанӯз нафас мекашад. Баъдан хабар дода шуд, ки вазъи Сафарбек Солеҳ бадтар шуда, ҳудуди як ҳафта қабл ӯ аз гап мондаст.Сафарбек Солеҳ соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1980 мебошад. Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад.
https://sputnik.tj/20210719/darguzashti-safarbek-soleh-az-bemorii-korona-1040991217.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040990941_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_27a0d82d35ad4f76a9e77dc200efc069.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, синамо, сафарбек солеҳ
тоҷикистон, синамо, сафарбек солеҳ
Иттифоқи синамогарон: маросими видоъ бо Сафарбек Солеҳ 20 июл баргузор мешавад
17:33 19.07.2021 (Навсозишуда: 14:01 21.07.2021) Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон бо нашри як таъзиянома макону замони видоъ бо Сафарбеки Солеҳ, коргардони марҳуми тоҷикро эълон кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба пайвандону ҳамкасбони Сафарбек Солеҳ изҳори таслият карда, изҳор доштааст, ки коргардони шинохтаро аз хонаи падарӣ ба роҳи охират гусел мекунанд.
“Гусел аз хонаи падарӣ, дар маҳаллаи Тезгар, мавсум ба Нефтяник, субҳи 20 июл соати 06:00 баргузор мешавад”, - омадааст дар таъзияномаи нашркардаи Ҳақдодов.
Сафарбек Солеҳ, коргардони машҳури Тоҷикистон, зуҳри 19-уми июл дар синни 62-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Ӯ қаблан бо бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.
Охирин паёмро коргардони маъруф дар саҳифаи фейсбукияш 6 -уми июл аз бистари беморӣ нашр карда, ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст. Ӯ ба табибону наздикон ташаккур гуфтааст, ки ба шарофати онҳо ҳанӯз нафас мекашад. Баъдан хабар дода шуд, ки вазъи Сафарбек Солеҳ бадтар шуда, ҳудуди як ҳафта қабл ӯ аз гап мондаст.
Сафарбек Солеҳ соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1980 мебошад. Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад.