“Қазоқтелеком” бо дастгирии Huawei нахустин шабакаи собити FWA – ро фаъол кард

© Foto / CC BY-SA 4.0 / Yaken hgarОдин из офисов "Казахтелеком"
Один из офисов Казахтелеком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Ин намунаи хуби таъмини бахши хусусӣ бо интернет дар минтақаҳое арзёбӣ шуд, ки он ҷо шабакаҳои ноқилӣ дастрас нестанд
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Ширкати Huawei ба калонтарин фароҳамкунандаи телекоммуникатсионии Қазоқистон – ҶСК “Қазоқтелеком”, пойгоҳҳои 4T4R – ро расондааст, ки имкон дод, нахустин дастрасии собити бесим ба интернет дар Осиёи Марказӣ тариқи интерфейси радиоӣ – FWA, роҳандозӣ гардад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба Huawei хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин аз аввалин шабакаҳои FWA мебошад, ки дар басомади ҷудогонаи 2300 мегаҳерс барои таъмини дастрасии васеи бахши хусусӣ кор мекунад.
Девушка работает на ноутбуке в кафе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Хадамоти алоқа: суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шудааст
Пойгоҳҳои 4T4R барои муштариёни интернети собит дастрасии васеъ ва ғунҷоиши зиёд дар шабакаро фароҳам карда, тақвият дар ояндаро имконпазир месозанд, омадааст дар иттилоия.
Барои роҳандозии шабакаи FWA технологияи LTE интихоб шудааст, ки самаранокии бештарини истифодаи басомадҳои радиоиро дар доираи 2300 мегаҳерс таъмин месозаду пешниҳоди хизматрасониии SIM-based – ро имконпазир мегардонад.
"Дар баробари ин, мо як басомади махсуси 20 МҲс-ро истифода мебарем. Яъне ин шабакаи комилан ҷудошудаи FWA танҳо барои муштариёни дастрасии бесим мебошад. Ғайр аз он, мо усули ба истилоҳ IP breakout - ро татбиқ кардем, ки дар ин роҳҳал пайвасти махсуси PGW ба интернет барои муштариёни FWA истифода шудааст", - изҳор дошт Нурлан Мейрманов, мудири “Қазоқтелеком” дар умури навовариҳо.
Сюй Фей, ноиби мудири кулли Huawei Technologies Kazakhstan, мегӯяд, ин тарҳи “Қазоқтелеком” барои дигар фароҳамоварандаҳои алоқаи собит, намунаи хубест, ки ҳадафи таъмини бахши хусусӣ бо интернетро дар минтақаҳое доранд, ки он ҷо шабакаҳои ноқилӣ дастрас нестанд.
"Ҳамзамон, пас аз навсозии кӯчаке шабака барои кӯчиш ба технологияи 5G омода хоҳад шуд, ки имкон медиҳад, ғунҷоиши шабака афзоиш ёбад ва хидматҳои eMBB таъмин карда шавад”, - илова намуд Фей.
Лентаи хабарҳо
0