https://sputnik.tj/20210712/hadamoti-aloqa-surat-internet-tojikiston-behtar-1040819567.html
Хадамоти алоқа: суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шудааст
Хадамоти алоқа: суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар сурати мушкилот бо Интернет, аз сокинони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз хидматрасонҳо тавзеҳот талаб кунанд
2021-07-12T12:49+0500
2021-07-12T12:49+0500
2021-07-12T12:50+0500
дар тоҷикистон
хадамоти алоқа
илҳомҷон атоев
интернет
сабти дубораи сим-кортҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/63/1026696393_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_b9f6d649595071377f3a83b6e2ddc4ed.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон суръати интернет дар ду сол афзоиш ёфт. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев зимни нишасти хабарии ин ниҳод ттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар соли 2019 суръати интернет дар кишвар аз 20 гигабит дар як сония зиёд набуд ва ҳоло он ба 70 гигабит расидааст. Атоев таъкид кард, ки дар ин самт мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад ва мутахассисон барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта талош доранд.Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати Интернет бисёр барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, гуфт намояндаи Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ. Атоев гуфт, ки кормандони ин ниҳод вазъи кори Шабакаи Умумиҷаҳонии Интернетро дар кишвар назорат мекунанд. Дар сурати мушкилот бо Интернет, ӯ аз сокинон даъват кард, ки аз провайдерҳо шарҳ талаб кунанд. Беҳтар шудани сифати алоқа ба назар намоён аст: соли 2021 дар Тоҷикистон бисёр чорабиниҳои назаррас дар формати онлайн бидуни қатъ баргузор шуданд, таъкид кард Атоев.Ғайр аз он, намояндаи Хадамоти алоқа афзоиши суръати Интернети мобилӣ ва ҷорӣ намудани тарофаҳои нисбатан муфид ва арзон аз ҷониби операторонро қайд кард. Инчунин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Атоев аз сокинони кишвар даъват кард, ки сабти номи дубораи симкортҳоро пешакӣ оғоз кунанд, ки мӯҳлати он пас аз ҳашт моҳ ба поён мерасад.
https://sputnik.tj/20210712/davat-atoev-sabt-simkort-tojikiston-1040819334.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102669/63/1026696393_108:0:1813:1279_1920x0_80_0_0_be0f86e7d72b2895bde1b20eb821ad2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интернет, суръата, хадамоти алоқа,
интернет, суръата, хадамоти алоқа,
Хадамоти алоқа: суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шудааст
12:49 12.07.2021 (Навсозишуда: 12:50 12.07.2021) Дар сурати мушкилот бо Интернет, аз сокинони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз хидматрасонҳо тавзеҳот талаб кунанд
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон суръати интернет дар ду сол афзоиш ёфт. Дар ин бора муовини роҳбари Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев зимни нишасти хабарии ин ниҳод ттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар соли 2019 суръати интернет дар кишвар аз 20 гигабит дар як сония зиёд набуд ва ҳоло он ба 70 гигабит расидааст.
Атоев таъкид кард, ки дар ин самт мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад ва мутахассисон барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта талош доранд.
Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати Интернет бисёр барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, гуфт намояндаи Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.
Атоев гуфт, ки кормандони ин ниҳод вазъи кори Шабакаи Умумиҷаҳонии Интернетро дар кишвар назорат мекунанд. Дар сурати мушкилот бо Интернет, ӯ аз сокинон даъват кард, ки аз провайдерҳо шарҳ талаб кунанд.
Беҳтар шудани сифати алоқа ба назар намоён аст: соли 2021 дар Тоҷикистон бисёр чорабиниҳои назаррас дар формати онлайн бидуни қатъ баргузор шуданд, таъкид кард Атоев.
Ғайр аз он, намояндаи Хадамоти алоқа афзоиши суръати Интернети мобилӣ ва ҷорӣ намудани тарофаҳои нисбатан муфид ва арзон аз ҷониби операторонро қайд кард.
Инчунин дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Атоев аз сокинони кишвар даъват кард, ки сабти номи дубораи симкортҳоро пешакӣ оғоз кунанд, ки мӯҳлати он пас аз ҳашт моҳ ба поён мерасад.