https://sputnik.tj/20210719/nodorust-ast-erdughon-zabt-tolibon-mintaqaho-afghoniston-1041006582.html
Нодуруст аст: Эрдуғон дар бораи забти Толибон минтақаҳои гуногуни Афғонистон
Нодуруст аст: Эрдуғон дар бораи забти Толибон минтақаҳои гуногуни Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркия гуфт, ки Толибон (созмони мамнӯъ дар Русия) барои таъмини амнгияти фурудгоҳи Кобул аз сӯи нерӯҳои Туркия зиддият надоранд
2021-07-19T19:00+0500
2021-07-19T19:00+0500
2021-07-19T19:12+0500
сиёсат
туркия
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032169465_0:0:3111:1751_1920x0_80_0_0_3382752ace693cf7738184831f47e709.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон ахиран змни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Истамбул иброз дошт, ки ҷунбиши тундгарои Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) барои таъмини амнгияти фурудгоҳи Кобул аз сӯи нерӯҳои Туркия зиддият надоранд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС."Ҳеҷ изҳороте нашудааст, ки Толибон* Туркияро (дар Афғонистон) намехоҳанд. Толибон мавқеи маъмурияти Туркияро дар ин масъала хеле хуб медонанд. Мо нақшаҳои муайян дорем ва ба онҳо вафо мекунем. Мо умедворем, ки дар оянда бо Толибон гуфтушунид хоҳем кард, - таъкид кард Эрдуғон.Ғайр аз он, ӯ "амалҳои ишғолгаронаи" гурӯҳи Толибонро нодуруст номид ва даъват кард, ки ба онҳо хотима диҳанд.Пас аз эълони президенти Амрико Ҷо Байден дар бораи ба итмом расонидани амалиёти Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон ва нақшаи хуруҷи нерӯҳо, вазъ дар кишвар якбора бад шуд.Чанде пеш Пентагон хабар дод, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон беш аз 95% ба итмом расидааст. Дар баробари ин, ҷунбиши Толибон*, ба гуфтаи намояндагони ин созмон, тавонистааст наздик ба 85% қаламрави Афғонистон, аз ҷумла минтақаҳои наздимарзӣ бо панҷ кишвар - Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистон зери назорати худ бигирад.* - созмони терррористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20210716/tolibon-turkiya-go-home-taslimshudahoro-meparonand-1040935323.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032169465_600:0:3111:1883_1920x0_80_0_0_b659fd4fd62bfc61120f07c6c9ac4ba6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, туркия, толибон, зиддият, фурудгоҳ, эрдуғон
афғонистон, туркия, толибон, зиддият, фурудгоҳ, эрдуғон
Нодуруст аст: Эрдуғон дар бораи забти Толибон минтақаҳои гуногуни Афғонистон
19:00 19.07.2021 (Навсозишуда: 19:12 19.07.2021) Раисҷумҳури Туркия гуфт, ки Толибон* барои таъмини амнгияти фурудгоҳи Кобул аз сӯи нерӯҳои Туркия зиддият надоранд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон ахиран змни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Истамбул иброз дошт, ки ҷунбиши тундгарои Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) барои таъмини амнгияти фурудгоҳи Кобул аз сӯи нерӯҳои Туркия зиддият надоранд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
"Ҳеҷ изҳороте нашудааст, ки Толибон* Туркияро (дар Афғонистон) намехоҳанд. Толибон мавқеи маъмурияти Туркияро дар ин масъала хеле хуб медонанд. Мо нақшаҳои муайян дорем ва ба онҳо вафо мекунем. Мо умедворем, ки дар оянда бо Толибон гуфтушунид хоҳем кард, - таъкид кард Эрдуғон.
Ғайр аз он, ӯ "амалҳои ишғолгаронаи" гурӯҳи Толибонро нодуруст номид ва даъват кард, ки ба онҳо хотима диҳанд.
Пас аз эълони президенти Амрико Ҷо Байден дар бораи ба итмом расонидани амалиёти Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон ва нақшаи хуруҷи нерӯҳо, вазъ дар кишвар якбора бад шуд.
Чанде пеш Пентагон хабар дод, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон беш аз 95% ба итмом расидааст. Дар баробари ин, ҷунбиши Толибон*, ба гуфтаи намояндагони ин созмон, тавонистааст наздик ба 85% қаламрави Афғонистон, аз ҷумла минтақаҳои наздимарзӣ бо панҷ кишвар - Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистон зери назорати худ бигирад.
* - созмони терррористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон