https://sputnik.tj/20210719/muhriddin-safiri-chin-tahvili-vaksina-1041010717.html
Муҳриддин бо сафири Чин аз таҳвили ваксина гуфт
Муҳриддин бо сафири Чин аз таҳвили ваксина гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот кард 19.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-19T20:32+0500
2021-07-19T20:32+0500
2021-07-19T20:32+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
сиёсат
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1041010558_0:15:600:353_1920x0_80_0_0_f20b42eee8ec43edbc3f63fb056fe89c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар Душанбе масъалаи таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.Манбаъ менависад, 9 июл Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт."Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - менависад манбаъ.Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, Тоҷикистон ният дорад аз Чин ваксин алайҳи бемории коронавирусро харидорӣ кунад.Тоҷикистон барои таъмин намудани шаҳрвандон бо ваксин, ҳудуди 3,4 миллион воя CoronoVac мехарад. Дар ин робита аллакай вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо намояндагони Чин гуфтугӯ доир намуданд.Муовини якуми вазири тандурустӣ, Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони ширкати созандаи ин ваксин “Sinovac Research & Development Co. Ltd” гуфтугӯи онлайнӣ баргузор карданд.Манбаъ меафзояд, созишномае, ки барои хариди ин миқдор воя тартиб дода шудааст, маблағи 26,8 миллион долларро талаб мекунад.Зимнан, 25 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёи Рушд ва боқимонда 1.8 миллион доллар саҳми Тоҷикистон хоҳад буд.Зикр мегардад, ки аллакай ҷонибҳо дар мавриди нарх, шарту шароити дастрасӣ, муҳлати интиқоли ваксин ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке ваксини истеҳсоли бритонӣ - шведӣ буда дигаре доруи истеҳсоли Чин аст.Дар Тоҷикистон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус афроди аз 18 - сола боло бояд ба тавриҳатмӣ ваксин гиранд.
https://sputnik.tj/20210719/suporishi-rahmon-vaksin-jashn-kumak-zarardidagon-ofati-tabii-1041009841.html
https://sputnik.tj/20210717/chand-nafar-tojikiston-vaksin-girift-1040957279.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1041010558_40:0:573:400_1920x0_80_0_0_db035ee93100a6b8816677b8dbf1efa4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , тандурустӣ, ваксина, коронавирус
дар тоҷикистон, сиёсат , тандурустӣ, ваксина, коронавирус
Муҳриддин бо сафири Чин аз таҳвили ваксина гуфт
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар Душанбе масъалаи таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Манбаъ менависад, 9 июл Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.
"Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - менависад манбаъ.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, Тоҷикистон ният дорад аз Чин ваксин алайҳи бемории коронавирусро харидорӣ кунад.
Тоҷикистон барои таъмин намудани шаҳрвандон бо ваксин, ҳудуди 3,4 миллион воя CoronoVac мехарад. Дар ин робита аллакай вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо намояндагони Чин гуфтугӯ доир намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ, Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони ширкати созандаи ин ваксин “Sinovac Research & Development Co. Ltd” гуфтугӯи онлайнӣ баргузор карданд.
Манбаъ меафзояд, созишномае, ки барои хариди ин миқдор воя тартиб дода шудааст, маблағи 26,8 миллион долларро талаб мекунад.
Зимнан, 25 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёи Рушд ва боқимонда 1.8 миллион доллар саҳми Тоҷикистон хоҳад буд.
Зикр мегардад, ки аллакай ҷонибҳо дар мавриди нарх, шарту шароити дастрасӣ, муҳлати интиқоли ваксин ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке ваксини истеҳсоли бритонӣ - шведӣ буда дигаре доруи истеҳсоли Чин аст.
Дар Тоҷикистон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус афроди аз 18 - сола боло бояд ба тавриҳатмӣ ваксин гиранд.